Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 01:50
26 июл 2017, 14:34

Мирсаидзод: Риояи номҳои маҳаллӣ ҳатмӣ аст... (ВИДЕО)

Ҳаким Мирсаидзод, муовини вазири адлияи Тоҷикистон ҳадафи таҳияи феҳрасти номҳои миллиро “нигоҳ доштану баланд бардоштани фарҳангу маданияти миллии мардуми тоҷик” унвон кард.

26 июл 2017, 13:52

Вазири энергетика дар бораи ҳузури Русия дар тарҳи “CASSA-1000”

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дархости Русия барои ворид шудан ба лоиҳаи “CASSA-1000”-ро шарҳ дод.

26 июл 2017, 11:35

Дар Тоҷикистон 80 нафар ба ҳабси абад маҳкум шудааст (ВИДЕО)

Давоми шаш моҳи соли равон дар маҳбасҳои Тоҷикистон 27 нафар фавтидааст. Ин нуктаро Ҳаким Мирсаидзод, муовини вазири адлияи Тоҷикистон чанд лаҳза пештар дар дидор бо хабарнигорон иброз дошт.

25 июл 2017, 15:12

Ноиби Р.Эмомалӣ: Мактуби мардеро, ки қасди худкушӣ кард, хондам... (ВИДЕО)

Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали Рустами Эмомалӣ, мегӯяд, қабули сокинон аз сӯи масъулини шаҳрдории сатҳҳои гуногун хеле густурда роҳандозӣ шудааст.

25 июл 2017, 12:51

Чаро ҳама муллоем?

Дарвоқеъ аз ҳама бештар намояндагони касбу кори гуногун “ҷойи муллоҳоро танг мекунанд”. Ҳама аз шаръ гап мезананд. Сиёсатмадоре фатво медиҳаду хабарнигоре мухолифи Қурон ҳукм мекунад. Ва ҳар кас мехоҳад динро ба хоҳишҳову ҳавасҳо ва арзишҳои худаш мувофиқу мутобиқ бигардонад. Бехабар аз он ки, гуфтаи Худоро тағйир додан қатъан мумкин нест! Ҳар касе ҳам тағйир медиҳад, дигар наметавонад аз аҳли дин бимонад.

24 июл 2017, 18:42

Р.Эмомалӣ хост гадоҳо, бегонапарастӣ ва "разбор"-ҳо кам шаванд

Вакилони халқи шаҳри Душанбе, имрӯз, 24-уми июл таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ бурду бохти пойтахт тайи 6 моҳи гузаштаро баррасӣ намуда, нақшаҳо барои 6 моҳи ояндаро тасдиқ кардаанд.

24 июл 2017, 16:27

Муҳоҷирони “гумшуда” аз Тоҷикистон: Сарнавишт ва ё чизи дигар?

Як сол қабл Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон теъдоди ашхоси “гумшуда” ва ё шумори онҳоеро, ки “бедарак” шудаанд, беш аз 1600 нафар унвон карда, эълон дошт, ки аксари эшон ба кишварҳои дуру наздик ба муҳоҷират рафта, дигар аз худ дарак надодаанд.

21 июл 2017, 12:22

Раҳимзода: Бозпурсии наздикон, ин фишору таъқиб нест

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон иддаоро, ки наздикони аъзои гуруҳҳои дар Тоҷикистон мамнуъ, аз ҷумла ҲНИТ таҳти фишору таъқиб қарор доранд, рад намуд.

21 июл 2017, 12:03

ВИДЕОИ суолу ҷавоб бо Раҳимзода: Аз латукӯби Кабирӣ то қатли наздикони Ҳалимов ва қасди ДИИШ дар Кӯлоб

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон феълан дар бинои ВКД бо хабарнигорон мулоқот дорад. “Озодагон” лаҳза ба лаҳза суолу ҷавоби хабарнигорон бо Рамазон Раҳимзодаро, ки айни ҳол идома дорад, пешниҳоди хонандагон мекунад.

21 июл 2017, 12:02

Изҳороти “Ховар”: СҲШ ҳизби наҳзатро “созмони террористӣ” эълон кард

Хабаргузории давлатии “Ховар” мегӯяд, Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба феҳрасти гуруҳҳои “террористӣ-экстремистӣ” ворид кардааст.

21 июл 2017, 08:23

Генерал Назарзода гуфт, сохтори КҲФ-ро тағйир медиҳанд (ВИДЕО)

Генерал Рустам Назарзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (КҲФ) мегӯяд, барои пешрафти бештари кори ниҳоди зертобеаш сохтори онро тағйир хоҳад дод.

20 июл 2017, 09:39

Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар бораи санадҳои нодурусту ғайриқонунӣ

Дар нимсолаи аввали соли равон 28 санади судӣ дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо далели нодурусту ғайриқонунӣ будан аз ҷониби марҳилаҳои болоии ин ниҳод бекор шудаанд.

19 июл 2017, 16:43

Субҳон Ҷалилов дабири кулли “Медиа Алянси Тоҷикистон” интихоб шуд

Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои ширкати телевизион ва радиои “Ватан” дабири кулли созмони “Медиа алянси Тоҷикистон” интихоб шудааст.

19 июл 2017, 16:15

Сафири Амрико: Номи Гулмурод Ҳалимов аз феҳристи Интерпол ҳазф нашудааст

Сафири Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, исми Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини ОМОН-и Тоҷикистон, ки ба сафи гуруҳи террористии ба ном “давлати исломӣ” пайваст, аз рӯйхати афроди таҳти пайгарди пулисибайналмилал ё Интерпол ҳазф нашудааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!