Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 28 феврал 2017, 03:50
14 феврал 2017, 09:15

Текебаев гуфт, хазинаи президентро дар офшор кашф кардааст

Раҳбари ҷиноҳи порлумонии «Ота Макон» Омурбек Текебоев хабар дод, ки дар бораи моликияти президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар минтақаи офшори ҷазираи Қибрис ё Кипр маълумот ба даст овардааст. Вай дар ин бора дар ҳамоиши «Сиёсат -- бе таконҳои иҷтимоӣ. Интихобот – бе тақаллуб» дар Бишкек сӯҳбат кард.

6 феврал 2017, 16:33

Тазоҳурот зидди нархи барқ дар Қирғизистон

Сокинони вилояти Норини Қирғизистон аз гаронии нерӯи барқ эътироз мекунанд. Бо талаби коҳиши нархнома наздики 50 нафар дар назди бинои ҳукумати вилоят даст ба тазоҳурот задаанд.

31 январ 2017, 14:24

Сарчашмаи “сарватҳои Худодода”-и Президентро ошкор карданианд

Омурбек Текебоев, раҳбари ҷиноҳи “Ота Макон” дар парлумони Қирғизистон гуфтааст, Алмосбек Отамбоев дар бораи дороиҳояш бисёр суҳбат мекунад, вале намегӯяд, онҳо аз кадом ҳисобанд.

14 декабр 2016, 14:09

Иқдоми сарояндаҳои эстрада барои қироати Қуръони карим (ВИДЕО)

Талант Канатбек, овозхони маъруфи қирғиз корзори қироати ояҳо аз китоби муқаддаси мусалмонҳоро миёни ситораҳои эстрадаи Қирғизистон ба роҳ андохтааст.

8 декабр 2016, 10:20

Бозпурсии сокини Бишкек барои шеър дар бораи Президент

Як сокини шаҳри Бишкеки Қирғизистон барои шеърҳо дар бораи Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури он кишвар ба додситонӣ даъват шудааст.

19 октябр 2016, 11:21

Ҷасади Канигулро масеҳиҳо низ ба қабристонашон роҳ надоданд

Дар ноҳияи Ала-Букаи Қирғизистон ҷасади Канигул Сатиболдиева, як зани масеҳии 76-сола бори севум ба хок супурда шуд.

14 октябр 2016, 09:15

Президент: Дар майдони мо ҳам қурбониҳо буд ва ҳам ғасби бинои ҳукумати вилоятҳо. Вале мо ба Вашингтон ё Маскав занг назадем...

Қирғизистон аз тамомияти арзии Гурҷистон пуштибонӣ хоҳад кард. Ин нуктаро президент Алмосбек Отамбоев баъди мулоқот бо ҳамтои гурҷиаш Георгий Маргвелашвили дар Тифлис баён дошта, ҳамчунин гуфтааст, тамоми масоил бояд бо роҳи гуфтушунид ҳал карда шавад.

16 сентябр 2016, 10:34

Гулгашт барои духтароне, ки дар Маскав ба ҳалокат расиданд

Албек Ибраимов, шаҳрдори Бишкек аз ташаббуси сокинон барои сохтани гулгашт ба хотири духтароне, ки дар сӯхтори чопхонаи Маскав ҳалок шуданд, пуштибонӣ кардааст.

30 август 2016, 10:44

Пулис инфиҷори назди сафорати Чин дар Бишкекро террор гуфт

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бишкек инфиҷори назди сафорати Чин дар Қирғизистонро амали террористӣ унвон кардааст.

29 август 2016, 09:01

Имрӯз Қирғизистон мотам дорад

Имрӯз, 29 август дар робита ба ҳалокати 17 шаҳрванди Қирғизистон дар кишвар Рӯзи мотам эълон шудааст.

11 август 2016, 15:25

Табибон навзодро ба қуттии партов андохтаанд

Шоми 10 август аз дохили қуттии партов дар шаҳри Ош ҷасади як тифли навзод пайдо шудааст. Раёсати умури дохилии вилояти Ош гуфтааст, ҷасадро табибон ба онҷо андохтаанд.

7 июл 2016, 13:56

Тасмими Президент барои сабти албоми таронаҳояш

Алмосбек Отамбоев, Президенти Қирғизистон қасд дорад, ба муносибати 60-солагиаш маҷмӯаи таронаҳои худро интишор кунад.

4 июл 2016, 08:36

Нахустин таронаи Президенти Қирғизистон ба Интернет роҳ ёфт (ВИДЕО)

Дар Интернет таронае нашр шудааст, ки муаллиф ва сарояндааш Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон гуфта мешавад.

20 июн 2016, 09:48

13 ширкати ҳавопаймоии Қирғизистон дар "рӯйхати сиёҳ"-и Аврупо

Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, ширкатҳои ҳавопаймоии Қирғизистон дар "рӯйхати сиёҳ"-аш боқӣ монанд.

18 май 2016, 12:12

Боздошти 98 шаҳрванди Чин бо шиносномаи қирғизӣ дар Туркия

Дар Истамбул 98 шаҳрванди Чин ҳангоми талош барои парвоз ба Арабистони Саудӣ бо шиносномаҳои қалбакии қирғизӣ боздошт шудаанд.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!