2 июл 2015, 10:14
Масъулини Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯянд, барои посухи расмӣ гуфтан ба гузориши ниҳоии нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба натоиҷи интихоботи парлумонии якуми марти кишвар, як гуруҳи корӣ таъсис додаанд.
27 март 2015, 17:26
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон дар пайи овоздиҳии пушидаи вакилони халқи ин вилоят интихоб гардиданд.
27 март 2015, 15:17
Вакилони маҷлисҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии Душанбе имрӯз, 27-уми март зимни овоздиҳии пӯшида аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанберо интихоб карданд.
27 март 2015, 08:44
Имрӯз, 27 март интихоботи Маҷлиси миллии Маҷли олӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон баргузор мешавад.
17 март 2015, 09:39
Дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар даъвати панҷум, ки имрӯз, 17 март баргузор мешавад, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам иштирок мекунад.
14 март 2015, 11:27
Суҳбат бо Алим Шерзамонов, раиси дафтари Ҳизби сотсиал-демократ дар Бадахшон дар мавриди интихоботи гузаштаи парлумонӣ
13 март 2015, 08:50
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) ахиран натиҷаи ниҳойии интихоботи парлумонии якуми мартро эълон кард. Ин навбат ду ҳизб – наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва коммунистӣ (ҲКТ) ба парлумон роҳ наёфтанд, аммо ду ташкилоти сиёсӣ, ки қаблан дар палатаи поёнӣ намоянда надоштанд, вориди он гардиданд. Дар ин “WEEKEND” шухиҳое дорем, ки умедворем, касе аз он хафа намешавад.
12 март 2015, 09:59
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумонии 1-уми мартро эълон намуд, ки тибқи он Ҳизби ҳокими халқӣ-демокКомиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумонии 1-уми мартро эълон намуд, ки тибқи он Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ соҳиби овози бештар шудааст. ратӣ соҳиби овози бештар шудааст.
10 март 2015, 17:13
Рашид Олимов, сафири Тоҷикистон дар Чин бо Чэн Гопин, муовини вазири умури хориҷии ин кишвар мулоқот кардааст.
9 март 2015, 10:29
Чин аз натоиҷ ва раванди баргузории интихоботи парлумонии якуми марти Тоҷикистон истиқбол карда, онро шаффоф ва демократӣ хондааст.
6 март 2015, 08:43
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ аснои суханронӣ дар охирин иҷлоси даъвати чоруми палатаи болоии парлумони Тоҷикистон натиҷаи интихоботи парлумонии рӯзи якуми мартро таҳаввулоти зеҳнӣ ва такомули хиради сиёсии ҷомеа арзёбӣ карда, афзудааст, дар ин маърака интихоби мардум дар ифодаи мавқею ҳуқуқҳи конситутсионӣ ҳалкунанда буд.
5 март 2015, 17:16
Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бар уҳда дорад, дар парлумони нав соҳиби 51 курсӣ хоҳад буд.
5 март 2015, 11:39
Аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон танҳо 12-тоаш насиби занҳо шудааст.
5 март 2015, 09:47
Шокирҷон Ҳакимов, номзади худпешбар ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии "Конибодом-19", бо ирсоли аризаи шикоятӣ ба Коммисияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфтааст, интихобот дар ҳавзаи ӯ, бо авантюраву шантаж, таҳдиду фишор ва дахолати мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ баргузор гаштааст.
4 март 2015, 09:29
Рӯзи якуми март дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. Тибқи натиҷаҳои аввалия, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ эълом кард, Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби сотсиалистӣ ҳадди панҷдарсадиро убур карда вобаста ба фоизи гирифта, номзадҳояшон аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ меёбанд. Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунист, ки дар парлумони гузашта ҳар кадом ду курсиро дар ихтиёр доштанд, ба иттилио КМИР натавонистаанд, то панҷ дарсад раъйи интихобкунандаҳоро бигиранд. Дар робита “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид: Натиҷаи интихоботро чигуна қабул кардед?