Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 19 январ 2017, 03:06
Дирӯз, 14:22

Тафтиши мусофирон дар истгоҳҳои роҳи оҳани Қазоқистон ҳатмӣ мешавад

Дар истгоҳҳои роҳи оҳани Қазоқистон тафтиши мусофирон ҳатмӣ мешавад. Ҳадафи ин иқдомро мақомот “баланд бардоштани сатҳи амнияти мусофирон ва пешгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ” мехонанд.

13 январ 2017, 14:53

Пешниҳод: Шаҳрвандии духтароне, ки бо чиниҳо издивоҷ кардаанд, бекор шавад!

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо талаби манъи издивоҷи духтарони қазоқу чиниҳо даст ба тазоҳурот задаанд.

29 декабр 2016, 17:13

Боздошти раиси пешини Кумитаи амнияти Қазоқистон

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон раҳбари собиқи ин ниҳод генерал-лейтенант Нортой Дутбоев ва ду мансабдори дигар -- Хасен Нурлан ва Ерлан Нуртаевро боздошт кардааст.

1 декабр 2016, 11:20

Президент мардумро бо рӯзи “худаш” табрик кард

Нурсултон Назарбоев мардуми Қазоқистонро бо Рӯзи Президенти нахустин табрик кардааст.

24 ноябр 2016, 10:25

Нур, Нурсултон, Назарбоев, Элбаси ё?

Вакилони парлумони Қазоқистон пешниҳод кардаанд, шаҳри Остона, пойтахти ин кишвар ба номи раисиҷумҳур -- Нурсултон Назарбоев гузошта шавад.

23 ноябр 2016, 15:06

Вакилони парлумон: Пойтахт ба номи Президент гузошта шавад!

Намояндагони парлумони Қазоқистон пешниҳод кардаанд, номи Остона ба Нурсултон Назарбоев иваз шавад.

25 октябр 2016, 09:27

Намози Назарбоев дар масҷиди паёмбари Ислом

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон аснои сафари расмӣ аз Арабистони Саудӣ дар масҷиди паёмбари ислом – Муҳаммад (с) намоз гузоштааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Назарбоев хабар додааст.

21 октябр 2016, 14:35

Пуштибонии президент аз тарҳи мамнуъияти “Салафия” дар Қазоқистон

Мақомоти Қазоқистон дар садади эҷоди тарҳи мамнуъият ва маҳдудияти таблиғ ва парайвӣ аз фирқаҳои мазҳабии “Ваҳҳобия” ва “Салафия” дар ин кишваранд.

11 октябр 2016, 14:10

Нурсултон Назарбоев “сармо хӯрдааст”

Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон аз бемории Нурсултон Назарбоев хабар дод.

16 сентябр 2016, 15:42

Вазифаи нави духтари президент дар парлумон

Дарига Назарбоева, духтари бузурги Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон раҳбари Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти Сенат, палатаи болоии парлумон таъин шудааст.

14 сентябр 2016, 10:45

Президент духтарашро ба курсии вакили сенат нишонд

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон духтари бузургаш – Дарига Назарбоеваро вакили сенати парлумон таъин кард. Дар ин бора дастари матбуоти президенти Қазоқистон хабар медиҳад.

1 сентябр 2016, 12:31

Пулис марди шутурмурғсаворро меҷӯяд (ВИДЕО)

Навори шутурмурғсавории як мард дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба видеои сербинандаи интернет табдил мешавад.

18 июл 2016, 12:10

Ҳалокати ду пулис дар пайи тирпаронии Алмаато

Бар асари задухӯрди мусаллаҳонаи назди Раёсати умури дохилии шаҳри Алмаатои Қазоқистон ду корманди пулис кушта шудааст.

12 июл 2016, 09:21

Кумитаи амният: Тулешов сенарияи солҳои 2005-2010-и Қирғизистонро роҳандозӣ карданӣ буд

Руслан Карасев, намояндаи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфтааст, Тохтар Тулешов, тоҷири қазоқ қасд доштааст, сенарияи солҳои 2005 ва 2010-и Қирғизистонро дар кишвари худ роҳандозӣ кунад.

2 июл 2016, 11:31

Қазоқистон Кодекси заминашро ислоҳ намекунад

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон қонуни манъи ислоҳоти кодекси замини кишварашро имзо кард.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!