Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 22 сентябр 2017, 14:52
Имрӯз, 14:28

Боздошти Фахриддинов бо шиносномаи Чин дар марзи Сурия

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Муҳиддин Фахриддинов, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо шиносномаи чинӣ дар марз бо Сурия аз сӯи мақомоти Туркия боздошт гардидааст, ба 13,5 соли зиндон маҳкум кард.

Имрӯз, 12:25

Шӯрои уламои Тоҷикистон дар бораи Мянмар: Худо золимро ҷазо медиҳад

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мавқеашро нисбати вазъи мусалмонон дар Мянмар баён дошта, таъкид намудааст, ки Худованд ҳаққи мазлумонро мегирад.

Имрӯз, 11:43

Мурофиаи 2 хоҳар, ки ҷавони тоҷикро ҳангоми бозии маҳрамона куштаанд (ВИДЕО)

Айбдоркунандаи давлатӣ барои ду ҷавондухтар, ки моҳи декабри соли гузашта ҳангоми бозиҳои маҳрамона, ҷавони 24-солаи тоҷикро буғӣ карда куштанд, аз 8 то 14 соли зиндон талаб кардааст.

Имрӯз, 11:13

Аз 3,5 то 19 сол- ҳабси 11 ҷавон барои муноқиша ва марги Иброҳиму Сомон

Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасии муноқишаи маргбори 2-юми январро миёни ноболиғон, ки ду кушта барҷой гузошт, анҷом дода, 11 иштирокчиро аз 3,5 то 19 сол равонаи зиндон кард.

Имрӯз, 10:49

“Президент-супермен”

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро, ки президенти ҳамакорааш мехонанд ва “рекордшиканӣ”-ро дӯcт медорад, боз ҳавои Китоби рекордҳои Гиннес гирифтааст.

Имрӯз, 10:02

Э. Раҳмон ба соҳибкорони амрикоӣ: Дар Тоҷикистон кафолати ҳимояи сармоягузорон таъмин гардидааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз соҳибкорони амрикоӣ даъват кардааст, дар иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Имрӯз, 09:39

(ВИДЕО) Назарпурсӣ: Рӯдакӣ кӣ буд?

22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Хабарнигори “Озодагон” дар ин рӯз дар кӯчаҳои Душанбе аз роҳгузарон пурсид: Рӯдакӣ кӣ буд? Посухҳоро дар ин навор бубинед.

Имрӯз, 09:16

Маслиҳати Шӯрои уламо барои гурезондани ҷинҳо: Бо садои баланд азон бигӯед

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон роҳҳои гурезонидани ҷинҳоро фаҳмондааст.

Имрӯз, 09:02

Хатсайри нави “Сомон-Эйр”: Кӯлоб-Маскав-Кӯлоб

Ширкати “Сомон Эйр” аз роҳандозии хатсайри ҳавоии Кӯлоб-Маскав-Кӯлоб хабар дод.

Дирӯз, 16:57

Назарзода дар додгоҳ: Иттиҳомот сартопо беасос аст

[code][/code]Сайфиддин Назарзода, директори собиқи Китобхонаи миллии Тоҷикистон гуфтаст, санадеро, ки гӯиё “қонуни танзим”-ро нақз кардааст, беасос медонад ва онро қабул надорад. Назарзода имрӯз, 21 сентябр дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор дошта, ки ин санад саросема тартиб дода шудааст.

Дирӯз, 16:02

ВИДЕО: “Бишнав”-суруди нави Манижа Давлатова ва Орзу Исоев

Студияи “Tamoshow” суруди нав зери унвони “Бишнав”-ро пешниҳод кардааст, ки матни онро Манижа Давлатова ва Орзу Исоев навиштаанд.

Дирӯз, 15:15

Наврӯз: Ду нафар маро латукӯб кард

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, муҳоҷир латукӯбшудаи тоҷик аз сӯи посбони бозори “Люблино”-и шаҳри Маскав зинда аст.

Дирӯз, 14:14

Президентро дар суруди наваш 7,5 ҳазор нафар ҳаммовозӣ хоҳанд кард

Дар расми пӯшидашавии Панҷумин Бозиҳои осиёӣ дар назар аст, президенти ин кишвар ба рекорди нав комёб шавад.

Дирӯз, 12:32

Аз Гулмурод Ҳалимов Бин Лодини нав месозанд?

8 сентябр Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои ин кишвар Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон, “вазири ДОИШ” дар шаҳри Дайр-аз-Зури Сурия ҳамроҳи беш аз 40 ҳамсафаш кушта шудааст. То ҳол ин хабарро ягон манбаи дигар тайид накардааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!