Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 23 октябр 2017, 12:49

Хонандаи муттаҳам дар ҳамлаи ду ҳамдарсаш ҳангоми боздошт талош кард, рагҳояшро бибурад

11 октябр 2017, 16:48

Саидкомрон Саидвоҳидов, хонандаи колеҷи ҳуқуқии шаҳри Тошканд бо айби ҳамла ба ду ҳамдарсаш боздошт шуд. Яке аз зарардидаҳо дар ҷои ҳодиса кушта ва дувумӣ дар бемористон бистарӣ шуд. Саидвоҳидов, ки аз ҷои ҳодиса фирор карда буд, дар ҳамон рӯзи фоҷиа боздошт шуд. Вай ҳангоми боздошт талош кард, ки рагҳояшро бибурад.

"Баъди ҳамлаи бо корд ба ду ҳамдарсаш Саидкомрон дар манзили яке аз дӯстонаш паноҳ мебарад. Вай дар ҳоли сархушӣ ба ҳамдарсонаш корд задааст. Вақте пулис ӯро пайдо кард, аллакай дар ҳолати ҳушёрӣ қарор дошт. Вай аз кирдори кардааш ба даҳшат омада, талоши худкушӣ кардааст. Аммо ӯро наҷот доданд, дастонашро бо дока бастанд ва пулис ӯро боздошт кард", - нақл мекунад як шоҳиди ҳодиса.

Яке аз пайвандони Асадбек Парпибоев, хонандаи соли 3-уми колеҷи ҳуқуқии Тошканд, ки аз захмҳои корди Саидкомрон кушта шуд, гуфт, ташхиси тиббӣ маводи масткунандаро дар хуни айбдоршаванда пайдо накардааст.

Мақомоти тафтишотии шаҳри Тошканд аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, пажуҳиш мебаранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!