Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 23 октябр 2017, 12:48

Саидҷалол Комроншоҳро шикаст дод ва соҳиби Ҷоми Президенти Тоҷикистон шуд

6 октябр 2017, 10:53

Саидҷалол Саидов, паҳлавони номдори тоҷик ғолиби 5-умин Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо гардид. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Ҷоми Президенти Тоҷикистон рӯзи гузашта, 5 октябр дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд ва дар даври финалӣ Саидҷалол Саидов паҳлавони дигари шинохтаи тоҷик -- Комроншоҳи Устопириёнро шикаст дод.

Саидҷамол Алимардонов аз Тоҷикистон ва Шаҳриёр Идрисов аз Қирғизистон мацоми сеюми мусобиқаро касб кардаанд. Манбаъ мегӯяд, ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал ва диплом бо маблағҳои пулӣ қадр шудаанд. Барои ҷойи аввал 56 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 32 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм 16 ҳазор сомонӣ ихтисос ёфтааст.

Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони 17 давлат – Арманистон, Афғонистон, Беларус, Британияи Кабир, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Олмон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Украина, Ҳолланд, Ҳиндустон, Ҷопон ва ШМА дар вазни -90 кг рақобат карданд.

Мусобиқоти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо соли гузашта низ дар шаҳри Ваҳдат доир шуда, Ҷом насиби варзишгари украинӣ -- Станислав Бондаренко шуда буд. Ҷойи дуввумро Гарсия Мендоз, варзишгар аз Куба ва ду ҷойи сеюмро варзишгарони узбак -- Муҳсин Кисомиддинов ва Абдулло Тангриев соҳиб гаштанд. Ин мусобиқа аз соли 2013 ба ин сӯ ҳамасола доир мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 1

  • 6 октябр 2017 14:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саидчалоли чуни мо факат дар Точикистон кахрамон мешавад!
Посух додан
  • Куҳистони

  • 9 октябр 2017 18:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро Саидҷалол факат дар ҳамин ҶТ диплому медал мегирад?????? Чаро??? Шумо намедонен бародаро аа??? Хориҷа ки рафт пойяш дар ларза медрояд мушакҳои дстош сууууст мешавад !!!!! Ё товбаааа!!!!! О намешавад ай ҶТ доваро хориҷа браван катеш))))))))))))))????
Посух додан
  • Орзу

  • 12 октябр 2017 14:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хорича Комроншох дар вазни + 90 кг ва Саидчалол +100 кг гуштин мегиранд мухтарам Кухистони. Инро ба назар гиред.
Посух додан
  • Плюс не минус

  • 12 октябр 2017 14:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Орзу,
Не бародар. Дар хорича Комроншо дар вазни -90 Саидчалол бошад -100 хунарнамои мекунанд.
Посух додан
  • Орзу

  • 12 октябр 2017 16:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Плюс не минус,
Бахшиш, дуруст кайд кардед. Ислох намешавад кард, вагарна ислох мекардам

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!