Тағйир дар кодекс: Ронандаҳои маст то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шаванд
Бар пояи тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ ё бе шаҳодатномаи ронандагӣ рондани мошин то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида мешавад. Дар кодекси амалкунанда ҳаҷми ҷарима аз 2500 то 3500 сомониро ташкил медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи гузашта лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба кодекси мазкурро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон фиристод. Қарор аст, вакилони палатаи поёнии парлумон рӯзи 23 август дар ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон ин масъаларо баррасӣ кунанд.
Дар тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ҳамчунин омадааст, афроде ки дар ҳолати мастӣ мошин меронанд, то 20 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум хоҳанд шуд. Дафтари матбуоти Президент дар шарҳи тағйиру илова ба ин кодекс мегӯяд, “барои дар ҳолати мастӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол пешбинӣ карда мешавад. Агар ҳамин кирдор боиси марги зиёда аз ду шахс гардад, он гоҳ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол пешбинӣ карда мешавад”.
Ба иттилои манбаъ, барои давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, низ ҷавобгарӣ пурзӯр шуда, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ё ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (25 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ мешавад. Бояд қайд кард, ки Кодекси амалкунанда фақат ҷазоҳои ғайриҳабсӣ, аз ҷумла ҷарима то дусад нишодиҳанда барои ҳисобҳоро (10 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ менамуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |