Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 22 август 2017, 00:28

Талаби пули беш аз пеш дар донишгоҳҳо ва шарҳи масъулин

10 август 2017, 16:58

Мақомоти зиддиинҳисорӣ ва масъулини донишгоҳҳои кишвар шикояти волидони довталабонро дар мавриди он ки замони ҳуҷҷатсупорӣ нархи таҳсил поинтар буду феълан боло рафтааст, шарҳ доданд.

Падари яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи славянӣ ба “Озодагон” шикоят кард, ки масъулини донишгоҳ вақти ҳуҷҷатсупорӣ ба ӯ дигар нарх нишон доданду феълан онро боло бурдаанд: “Писари ман дар факултаи “Туризм”-и Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ҳуҷҷатҳояшро супорид. Дар рӯзи ҳуҷҷатсупорӣ нархи шартномааш 5100 сомонӣ буд, дирӯз вақти маблағсупорӣ ба писарам гуфтаанд, бояд 5450 сомонӣ супорад”.

Ба гуфтаи волидони довталабон болоравии нархнома дар бисёри факултаҳо ҷой дорад ва он боиси саргардонии шаҳрвандон шудааст: “Нафароне буданд, ки 200 сомониашон намерасид, онҳоро қабул накарданд. Дубора барои маблағ мерафтанд. Ман ба писарам 5100 сомонӣ дода будам ва аламовараш ин буд, ки ӯ дубора барои маблағ ба хона омад. Ин як саргардонӣ мебошад”.

Масъулини Комиссияи қабули Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар шарҳи қазия ба “Озодагон” гуфтанд, нархномаҳое, ки довталабон дар варақаҳои Маркази миллии тестӣ дастрас кардаанд, нархномаҳои соли қаблӣ мебошанд: “Маблағҳое, ки айни ҳол довталабон супорида истодаанд, аз рӯи нархҳои нав буда, ҳамааш барои соли 2017-2018 тасдиқ шудааст. Нархномаи нав каме дер тасдиқ шуда, дар ҳоли ҳозир онро ба ҳар як довталаб нишон дода истодаанд”.

Бахтиёр Ғафуров, котиби масъули Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, сабаби тағйир ёфтани нархномаҳоро болоравии таваррум арзёбӣ кард: ”Соли 2016 таваррум 6% боло рафт ва вобаста ба ин, бо тасдиқи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Вазорати рушди иқтисод 6% нархҳо дар ҳамаи ихтисосҳо баланд бардошта шуд”.

Сайдалӣ Зарифзода, сардори Раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, нархномаҳо ба таври чашмрас тағйир наёфта, аксари донишгоҳу донишкадаҳо дар сатҳи амалкунанда боқӣ мондаанд: “Дар масъалаи нархномаи Донишгоҳи славянӣ бошад дар солҳои 2015 ба 2016 шояд 3-4 фисад тағйир ёфта бошад”.

Масъулони Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон мегӯянд, дар тақсимоти асосӣ, ки анҷом ёфт, ҳамагӣ 48 ҳазору 734 довталаб комёб гардида, сазовори номи донишҷӯ шуданд. Ба гуфтаи Марказ 16 ҳазору 410 курсии донишҷӯӣ ҳанӯз холиянд, ки аз он 3813 адад дар бахши буҷавӣ ва боқимонда шартномавӣ мебошанд. Тақсимоти такрорӣ 19-22-юми август дар назар аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • рахмдил

  • 10 август 2017 17:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Таварум ба ин кор чи дахл дорад, ин ьаварум барои корхонаҳои истеҳсоли таалуқ дорад.Маблағи сохтмон ва хариди таҷҳизотҳора кам кардан даркор.онгоҳ ягон мушкилие барпо намешавад.Таварум мегуеду маблаҳҳоро ба сохтмон сарф мекунед ё барои хариди маводу таҷҳизотҳо.Аз смета аз маблағе ки барои ин ё он хариду сохтмони биною иншоотҳо гузоштааст сарфа кунед.Ба мардуми камбағал раҳм кардан даркор.
Посух додан
  • login

  • 10 август 2017 19:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шарм аст шарм дар давоми 5 мох ба маркази милли тести нархномаи донишгохро пешниход накардан ин бесмасъулиятиии РЕКТОРОН мебошад.
Посух додан
  • 1

  • 11 август 2017 19:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хакикат нархи тахсили шартномави нисбат ба даромади мардум хеле баланд аст.Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Вазорати рушди иқтисод шумо ки масъули ин нархгузори хастед хангоми баррасии ин масъала чайби мардумро низ ба инобат гиред.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!