Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 22 август 2017, 00:25

Тахфифи 40%-ии Тошканд ба Тоҷикистон: Роҳ ба Хатлон фоидаовар нест

10 август 2017, 15:31

Тошканд ҳақи интиқоли бор ба Тоҷикистонро тариқи роҳи оҳан 40 фоиз арзон кардааст.

Дар ин бора Даврон Деҳқонов, ноиби раиси ширкати «Узбекистон темир йуллари» зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст.

Ба иттилои Давронов ҳамкорӣ бо Тоҷикистон вусъат ёфта, ҳадафи тахфиф густариши боркашонӣ тариқи роҳи оҳан мебошад: “Бо ҳамкорони тоҷик муносиботи гарму боэътимод дорем. Мунтазам мулоқот мекунем, ки имкон медиҳанд тамоми масоили марбут ба боркашониро сари вақт ҳал намоем”.

Ба суол, ки оё Узбакистону Тоҷикистон барқарор кардани ҳаракати қатор дар масири Ғалаба-Амузанг, ба Хатлонро баррасӣ кардаанд, Деҳқонов посух додааст, ки феълан Узбакистон зарурати бунёди қитъаҳои нави роҳи оҳан миёни ду кишварро намебинад: “Тамоми талаботи интиқоли бор ба Тоҷикистон тариқи гузаргоҳи Кудуклии вилояти Сурхондарё феълан қонеъ шуда истодааст. Таъхиркорӣ нест, бор саривақт расонда мешавад, бинобар ин талаботи хосе барои бунёди қитъаи нави роҳи оҳан нест”.

Ӯ афзудааст, ки феълан чанд гузаргоҳи роҳи оҳан миёни Узбакистону Тоҷикистон дар вилоятҳои Сурхондарё, Тошканд ва Фарғона фаъолият доранд: “Сохтмони қитъаи нави роҳи оҳан манфиати иқтисодие барои кишвари мо надорад”-таъкид намудааст ноиби раиси «Узбекистон темир йуллари».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!