Шодии Жириновский аз пирӯзии "Эмомалӣ-ако" бар Трамп (ВИДЕО)
Дастфишории Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Доналд Трамп, ҳамтои амрикоияш дар сархати расонаҳои ғарб ва ҳатто телевизионҳои федералии Русия қарор гирифт.
Владимир Соловёв, ровии маъруфи телевизиони Русия 24-уми май барномаашро аз ин дастфишорӣ оғоз карда, бо оҳанги шӯхиомез афзуд дар ин авохир чанд ҳодисаҳое рух доданд, ки шахсан ӯро такон додаанд: “Аз ҷумла Ҷоми беҳтарин мутахассиси ҷаҳон оид ба дастфишорӣ аз Амрико берун шуд. Доналд Трамп сабқатро бохт”.
Соловёв бо намоиши наворҳои қаблии дастфишории Трамп шарҳ дод, ки ба назар мерасид, Трамп ба ҳама чӣ қодир аст: “Аммо нохушие рух дод. Трамп бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон вохӯрд ва маълум шуд, ки президенти Амрико наметавонад бар президенти Тоҷикистон дастболо шавад”.
Шарҳи Соловёв, ки "Эмомалӣ-ако Трампро сӯи худ кашиду ҷояшро муайян кард", хандаю кафкӯбии ҳозирини барнома, аз ҷумла Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал демократи Русияро дар пай дошт.
Навори ҳафтсониягии дастфишории роҳбарони Амрико ва Тоҷикистон, ки 21-юми май дар шаҳри Риёз сабт гардид, рӯзҳои охир дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Расонаҳои Ғарб навиштанд, Трамп, ки бо дастфишории хос ва сӯи худ кашидани нафари муқобил маъруф аст, ахиран шикаст хӯрд. Дар ин расонаҳо таъкид шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон зоҳиран ба ин сабқат омодагии хуб дида, тамрин кардааст.