Сафорат: Муҳоҷирзанон аз фарзандонашон даст кашиданд (АКС)
Панҷ кӯдаки тоҷик, ки модаронашон дар Маскав баъди таваллуд аз онҳо даст кашидаанд, ҳафтаи равон ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.
Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони бесаробонмонда аз 5 то 14-моҳа мебошанд:
1.Кулулаев Руслан Эшонович, санаи таваллудаш 11-уми марти 2016,
2.Назиров Руслан Гадойназарович, санаи таваллудаш 28-уми апрели 2016,
3.Юрченко Ситора Николаевна, санаи таваллудаш 22-юми июли соли 2016,
4. Муслатдинов Саид Сабриевич, соли таваллудаш 11-уми ноябри 2016
5. Каримов Курбан Бурхонович, санаи таваллудаш 6-уми декабри соли 2016.
Сафорати Тоҷикистон афзуд, ки модарони ин ноболиғон ҳангоми будубош дар Россия, пас аз таваллуд аз фарзандони худ даст кашидаанд ва онҳо аз Раёсати васоят ва парастории ноҳияҳои гуногуни шаҳри Маскав гирифта шуданд: “Ба ноболиғони мазкур аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Русия Шаҳодатномаи бозгашт ба ватан таҳия гардида, санаи 13-уми майи соли 2017, онҳо бо хатсайри Маскав-Душанбе ба Тоҷикистон баргардонида шуданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |