Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 июн 2017, 15:09

Аксҳои Президент ҳам манзили Уябоевро аз тахриб наҷот надоданд

12 май 2017, 14:03

Судиҷрочиёни шаҳри Остонаи Қазоқистон барои холӣ кардани манзили Уябоевҳо омаданд, ки дар деворҳояш аксҳои президент Нурсултон Назарбоев ширеш шудааст.

Ба гуфтаи ҳамсояҳои Уябоевҳо, пулис дари манзилро шикаст. Насибгул Уябоева, соҳибхона нахост дарро боз кунад. "Насибгул таҳдид кард, ки дарро оташ мезанад, аммо дасташро сӯзонд", - мегӯянд ҳамсояҳо.

Уябоевҳо аз судиҷрочиён талаб карданд, ки дар кадом асос манзили онҳо тахриб мешавад. Кормандони пулис рӯзноманигоронро нагузоштанд, то аз ҷои ҳодиса гузориш таҳия кунанд.

Дар ин манзил ҳафт сокин, аз ҷумла ду ноболиғ ба сар мебарад. Соҳибхона мегӯяд, дар ибтидо мақомот ба ӯ дар ивази тахриби манзилаш 400 доллари ИМА ваъда карданд, баъдтар маблағи бештар ваъда шуд, аммо дар ҳар ду сурат маблағи ваъдагии мақомот барои харидани манзили нав кифоят намекунад.

21 апрел дар Остона дар ҷаласаи омодагӣ ба намоишгоҳи байналхалқии "ЭКСПО" Нурсултон Назарбоев аз мавҷудияти манзилҳои нимавайрон дар маркази пойтахти кишвараш нигаронӣ кард. Вай гуфт, чунин манзилҳо симои шаҳрро хатчадор мекунанд.​


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хадчадор не хадшадор хадша= царапина, шрам, рубец, вред, ущерб

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!