Бахшҳо

“Забони порсӣ”: Барои ҳифзи забони тоҷикист, ё тахриби он?

Рустам МАҶИДОВ

Дар арафаи наврӯзи имсол хушхабаре расид, ки маҷаллаи нав рӯи чоп омада ва шумораи аввалини он ба Наврӯзи хуҷастапай бахшида шудааст. Чуноне муассисони маҷалла мегӯянд, он “меваи орзӯҳои... гуруҳи “Забони порсӣ” аст, ки беш аз як сол пеш бо ҳадафи нишондани забони порсӣ ба ҷойгоҳи сазовори он дар Тоҷикистон шакл гирифта аст”.

Дар ҳақиқат, хабари хубе буд бароям, чун монанди дӯстони зиёди дигар интизор доштам ин нашрия барои беҳбуди забони тоҷикӣ кӯмаке хоҳад кард. Ин шодиям то замоне буд, ки маҷалла ба дастам афтод. Хато накунам, Таботабоӣ аз Муттаҳарӣ нақл мекунад, ки “барои аз байн бурдани як ақида, ҳатмӣ нест ба он хуб ҳуҷум шавад; кофист, ки аз он бад муҳофизат шавад”. Ба мисли ин, имрӯз аз забони муосири тоҷикию порсии Варорӯд (ё ҳамон Мовароуннаҳр, ки сарзамини Осиёи миёна аст) хеле бад муҳофизат мешавад. Чунин менамояд, ки сафи муҳофизони бади он меафзояд. Аммо бадии кор дар он аст, ки муҳофизони нав хеле чизро бар худ гирифтаанд.

Ҳоло забони тоҷикии порсиро бо ин ном қабул кунем ё на, масъалаи дигар аст. То куҷо он таҳмилист, бояд забоншиносон мушаххас намоянд. Аммо банда ҳамчун як хонандаи қаторӣ оид ба баъзе нукот мехоҳам фикри худро гӯям. Бояд гуфт, алифбои имрӯзаи забони тоҷикӣ, ки сириллик аст, таҳмилист ва розиям, ки он тавони бардошти бори ин забонро надорад. Аммо тӯли муддати зиёд ин ду сарзамин зери таъсири фарҳангу забонҳои гуногун монданд ва ин албатта бетаъсир набуд. Тарзи талаффуз ва гӯиши тоҷикон ва порсизабонони Варорӯд низ аз Эрон фарқ дорад.

Барои мисол, мо калимаи “телевизион”-ро ба ҳамин тарзи талаффуз ва навишт қабул дорем ва истифода мекунем. Ҳоло аз мо мехоҳанд аз ин навишту ин талаффуз рӯ тобему “тилвизюн”-ро қабул намоем. Ҳадди ақал метавонистанд шакли дар Эрон пазируфташудаи “симо”-ро пешниҳод кунанд. Ё худ, “Барак Обама”-ро гузорему ба “Борок Убомо” рӯ орем. Ҳоло, тарзи талаффузи тоҷикӣ чӣ? Дар ҳоле ки дар худи ҳамин маҷалла омада аст, ки “вомвожаҳо хусусияти талаффузи забони вомгирандаро гирифта, ҳаққи ҳалоли онанд”.

Масъалаи дигар боз бармегардад ба ҳамин вомвожаҳо. Фаъолони гурӯҳ бар онанд, ки тоҷикон бояд аз вомвожаҳо рӯ тобанду аз калимаҳои порсӣ, аз он ҷумла, аз забони имрӯзи Эрон, баҳра баранд. Бо ин мақсад меъёри забони порсии Эронро дастур қарор додаанд ва даъват мешавад дигарон низ ҳамин корро кунанд. Аммо то куҷо ин дуруст аст?

Ҳоло, мо наметавонем билкулл ин ҳуҷҷатро аз эрониён нусха кунем. Дар ҳоле ки мо вожаҳое мисли “даромад” ва “баромад”-и тоҷикӣ дорем, чаро “вурудӣ” ва “хуруҷӣ”-и арабиро бигирем? Ё “корд”-и тоҷикиро гузошта “чоқу”-и туркиро қабул кунем? То ҳол чандин бор нусхабардорӣ кардаем ва дардисари онро дидаем, дигар чунин хоҳиш надорам. Бадтар аз ҳама он аст, ки пешниҳод мешавад вомвожаҳои русиро, ки ба онҳо аллакай одат кардаем, бигзорему вомвожаҳои англисию фаронсавиро бигирем. Бале, аз як аҷнабӣ рӯ гардонему равем назди аҷнабии дигар. Ҳоло чӣ фарқ дорад?!

Агар дар муҳофизати забони порсием ва ба ин хотир маҷаллае чоп мекунем, пеш аз ҳама бояд худамон забони худро пок кунем. Агар имкони истифодаи вожаҳои порсӣ-тоҷикӣ ҳаст, чаро аз вомвожаҳои арабию туркӣ ва ғайра истифода кунем? Ҳоло, мо ба кӣ мехоҳем забони ноб биомӯзем, ки худамон ба забони ғайр сухан мегӯем ва менависем?

Ҳоло агар ҳар нашрияи дигар мешуд, метавонистем чашм пӯшем. Аммо замоне як нашрия ба хотири ҳифзи покии забон таъсис шуда, ин ҳаргиз бахшиданӣ нест. Дар ҳоле ки “Вожаномак”-и маҷалла миёни бештар аз 65 калима ҳамагӣ 15-16 калимаи порсисту боқӣ арабист, метавонем гӯем, ки маҷалла барои омӯзиши забони порсии тоҷикист?

Дар худи ҳамин маҷалла “Ъарабӣ” омада, на “арабӣ”. Дар ҳоле, ки мувофиқи имлои забони тоҷикӣ ҳарфи “Ъ” дар аввали калима намеояд. Агар ба ҳамин минвол давом кунад, ҳам аз сирилик ва ҳам аз хати порсии арабиасос мемонем. Забони тоҷикиро куллан аз даст медиҳем.
Танҳо дар саҳфаи аввали маҷалла ҳашт хато пайдо шуд. Дар дохили муқоваи маҷалла соли чоп 1392, мувофиқи солшумории Эрон, нишон дода шудааст ва 2013, ки мувофиқи тақвими расмии Тоҷикистон аст, дар қавсайн омада аст. Дар ҳоле ки тарҷумаи тоҷикии “Шоҳзодаи хурдакак”-и Экзюпери ҳаст, баргардони эронии онро бо номи туркии “Шоҳзодаи кучулу” чоп кардаанд.

Ҳоло ин маҷалла барои ҳифзи забони тоҷикист ё тахриби он?Барои нишондани забони порсӣ бар ҷойгоҳи муносиб дар Мовароуннаҳр аст ё тарғиби гӯиши эронӣ?
Мӯҳр
Зуҳайл
Ростӣ мо низ ҷонибдори чунин як иқдоми некем, аммо чуноне, ки дар боло ишора шуд чаро аз нстифодаи русӣ даст кашему инглисӣ ё фаронсавиро рӯи даст бигирем.Хоҳишмандам ин корро касе анҷом диҳад, ки ақалан маълумоти забонӣ тоҷикиро дошта бошад на Шавкат Раҷабуф. Беҳтар касе машғули омғзиши забон шавад ки мутаххасис аст

ZP
https://dariussthoughtland.blogspot.co.uk/2013/03/zp-mission.html

тарс ва ироди гирифтани Озодаган аз ин аст ки агр забон Порси-Тоҷики бо кушиш ва равиши маҷаллаи Забони Порси биҳтар ва дурустар шавад шояд дар ояндаи начандон дур Озодагон бозораш-ро аз даст диҳад, Ман кадом ироди созанда ки забон Порси Тоҷики ро беҳбуд бибахшад дар навиштаи шумо
надидам, Танҳо чизи ки дар инҷо дида мишавад ин аст ки шумо ҳуд мидонед ки Дуруст Нависи маҷаллаи Забони Порси, Ғалат нависи Озодагон-ро ошкор месозад ва шумо аз ин тасидед

راه حل این غلط فهمی ها فرا گرفتن خط فارسی است، وقتی تاجیکها خط فارسی را یاد بگیرند به آسانی میتوانند دریابند که آیا واژه هایی را که گمان دارند بیگانه است بزرگان شان مانند رودکی، ناصرخسرو، مولانا، سعدی وووو استفاده کردند یا نی ؟ من باور کامل دارم که فرهنگسرای تهران به جز از واژه های ناب فارسی استفاده نمیکند مگر بر ضرورت و نیازمندی

پیشرف و موجودیت زبان پارسی به مذاق برخی کشور های بزرگ که بر اهمیت زبان پی پردند، مثلا روسیه و انگلیس خوش نمیخورد. تا وقتیکه توانایی سرکوب مستقیم زبان فارسی را داشتند از هیچ گونه تاخت و تازی دریغ نورزیدند همه ی ما نمونه های روشن و آشکار آن را در آسیای میانه و شبه قاره هند به وضاحت دیدیم که نیاز به تشریح ندارند سپس خواستند اهداف خود را توسظ دست نشاندگان شان عملی کنند که تا اندازه ی کردند. به گونه نمونه: زبان رسمی پاکستان قرار بود فارسی بماند، مگر به بهانه هایی مختلف جایش را به اردو سپرد. زبان فارسی در افغانستان به نام دری مسما شد، در ازبکستان بساط زبان فارسی را برداشتند و در سمرقند و بخارا و تاجیکستان آنرا تاجیکی نام نهادند که همه این ها بهانه ی برای تضعیف نمودن زبان فارسی بود اکنون برخی ها شاید حتا خودشان ندانند و حس هم نکنند که در آسیاب دشمن تشنه به خون زبان فارسی آب می ریزند و به بهانه های گونگان که کاملا دور از عقل است به مشخص کردن واژه ها میپردازند که گویا این واژه ایرانی است، آن تاجیکی و این دری، علاقمند این کار در افغانستان پشتونها و در تاجیکستان وابستگان روس ها هستند چون دیگر هیچ بهانه ی برای ضعیف ساختن زبان فارسی ندارند ناگزیر از این روش کار میگیرند. هرچیز، هرکشور، هر گروه و همه ی هستی نیاز به یک مرکز و معیار دارند، معیار زبان فارسی سالهای سال بخارا و خراسان بود ولی اکنون تهران است و فارسی زبانان باید این حقیقت انکار نشندی را پذیرند. گذشته از آن اگر در افغانستان از واژه های شلوار، دویست، دبستان، دبیرستان و همگون اینها استفاده کنید پشتونها بی درنگ شما را جاسوس، مزدور و نوکر ایرانی قلمداد میکنند و آن واژه ها را از نادانی و احمقی بیگانه میپندارند در صورتیکه ناصر خسرو، سنایی، رودکی، مولانا و دهای دیگر صدها بار از آن واژه کار گرفتند. ولی من از پشتون ها گله ندارم، گله من تا از تاجیک های تاجیکستان است که چرا ایران ستیزی میکنند و چرا عقل خود را در دست دشمن میدهند و واژه ها را ایرانی، دری و تاجیکی میکنند؟ همه واژه فارسی است در هرجایی از این جهان پهناور که استفاده شوند فرقی نمیکند چه هند باشد چی پاکستان، چه تهران چی کولاب و چه هرات باشد چه دوشنبه، چه کابل باشد و چی اهواز آن واژه فارسی است و بس
تاجیک افغانستان

Оқои Маҷидов,

забони тоҷикӣ-форсиро аз забони арабӣ ҷудо кардан, ба мисли нохӯнро аз гӯшт ҷудо кардан аст. Шумо, агар, донишманди соҳаи забон ва адабиёти тоҷик ҳастед, боядки аз ин мусалламот хабар дошта бошед, охир! Дуввум инки, шумо "даромаду баромадро" дар гӯиши арабиаш "вурудӣ ва хуруҷӣ" навистаед. Аслан ин тавр нест. Онро фақат "вуруд ва хуруҷ" мегӯянд. Аз ин чаро метарсед? Ба ҷои "экспорт ва импорт" калимаҳои "содирот ва воридот"и арабиро гирифта, истилоҳоти иқтисодии мо магар коста шуд? Мардум чӣ будани "танзим"ро намедонистанд. Ҳоло ҳама медонанд, ки ин ба назм (интизом) даровардани маъракаҳост. Магар бад шуд? Ман он шумораи маҷалларо дастрас накардаам, мумтаҳо, ҳис мекунам, ки шумо ба интиқоди (мебахшед, танқиди) чизе пардохтед, ки аслан арзише надорад. Барак Обамаро қайд кардед. Ин ном ба форсии иронӣ воқеан ҳам Борок Убомо нависта ва гуфта мешавад. Агар мо ба хати арабӣ менавистем, боядки ҳатман ҳамин хел менавистем. Барои якранг будани истилоҳот дар забон. Чӣ наф аз он истилоҳоти форсии тоҷикие, ки аз форсии иронӣ ба дараҷаи замину осмон фарқ кунад. Фарқ бояд дар лаҳҷаҳо (диалект) бошад, на дар сатҳи забони адабӣ. Як калимаи "кучулу"ро надонистан гуноҳи азиме нест. Касе надонад, мепурсад.
Замонҳои Шӯравӣ ман дар яке аз ншрияҳои русӣ шабона ба сифати мусаҳҳеҳ (корректор) кори иловагӣ мекардам. Рӯзе аз журналисти навбатдор савол кардам, ки фалонӣ, "Почему в русском языке так много иностранных слов (ба ростӣ ҳам ҳамин хел аст!). Ведь простые люди их могут не понять?" Медонед ӯ чӣ ҷавоб дод? "Уважаемый, газета не для простых, а грамотных людей. А кто не поймет, пусть посмотрит в словарь...!!!" Ҳамин суханони устозам ба ман дар ҳаёт дарс шудааст. Нафаҳмидӣ, ба луғат нигоҳ бикун. Афсуски дар забони форсии тоҷикӣ луғатҳо ангуштшуморанд. Луғатҳои соҳавӣ тамоман нест. Пас чаро аз форсии иронӣ даст бикашем, ки бародарони иронӣ кайҳо ҳама луғатҳоро сохтаанд!

با سلام و درود بر هم زبانان عزیز تاجیکی.به امید روزی که همگی پارسی بنویسیم و بخوانیم و همه یگانه شویم در زبان و نوشتار.
[right]احسان هستم از ایران استان پارس شهر شیراز ارامگاه کورش کبیر

Б. нодир
Тарзи масъалагузори хеле олист, покии забонро аз худ шуруъ кардан зарур аст, барои аз даст надодани забони порси, зеро мо як катрае аз бахр хастем ва хурдагири кардан ба чузъиёт дар фазои кунуни вакте ки шуморо фахмидан намехоханд масали азон ба гуши хар аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)