“ВКД аз қарори додгоҳ дар мавриди Сангов норозист”
Додгоҳи ноҳияи Сино ҳафтаи гузашта қарор баровардааст, ки Вазорати корҳои дохилӣ ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе, ки аз шиканҷаи маъмурони пулис фавтида буд, ҳудуди 10 ҳазор доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад.
Тавре Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъи хонаводаи Сафаралӣ Сангов, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ин бори аввал дар таърихи Тоҷикистон аст, ки додгоҳ барои татбиқи шиканҷа як ниҳоди қудратиро ба пардохти ҷубронпулӣ муваззаф кардааст: “Мо аз додгоҳ 150 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ талаб карда будем. Аммо додгоҳ қарор кард, ки ВКД ба хонаводаи Сангов ҳудуди 46 ҳазор сомонӣ пардозад. Бо вуҷуд дар таърихи низоми додгоҳии кишвар ин қарор бесобиқа аст.”
Дар мавриди вокуниши ҷониби ҷавобгар Холматова афзуд, ки намояндагони ВКД дар додгоҳ аз ин қарор изҳори норозигӣ карда буданд: “Онҳо як муддати муайян доранд то аз болои ин қарори додгоҳ ба зинаи болотар шикоят баранд.”
Масъулини бахши робита бо ҷомеаи Вазорати умури дохилӣ, суолҳои “Озодагон”-ро дар мавриди ин парванда беҷавоб гузоштанд.
Сафаралӣ Сангов дар моҳи марти соли 2011 бо ҷароҳатҳои вазнин аз шӯъбаи дувуми милисаи ноҳияи Синои Душанбе ба бемористон оварда шуда буд, вале баъди 4 рӯз даргузашт. Додгоҳи Душанбе Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов – ду милисаи гумонбар дар бадрафторӣ нисбат ба Сафаралӣ Санговро танҳо дар «хунукназарӣ» муҷрим шинохт ва бар асоси қонуни афв, аз масъулият ҳардуро раҳо кард.
Парвандаи Сангов аз пурсарусадотарин қазияҳои марбут ба шиканҷаву бадрафтории мақомоти интизомии Тоҷикистон шуд ва маҳз ин қазия яке аз омилҳое гардид, ки Тоҷикистон таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ моҳи феврали соли 2012 дар қонуни ҷиноияш банди махсуси «шиканҷа»-ро ҳам ворид кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |