Талаби аз 8 то 10 соли зиндон ба Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев (ВИДЕО)
Иброҳим Саидов, намояндаи додситонии Суғд, аз додраси парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду маҳбуси зиндони Хуҷанд, хостааст, онҳоро аз ҳашт то даҳ сол равонаи зиндон кунад.
Оқои Саидов дар мурофиаи рӯзи 9 октбяр эълом карда, ки “мувофиқи моддаи 332 ва 346-и Кодекси ҷиноӣ Суннатулло Ризоев 10 сол ва Садриддин Тошев 8 сол аз озодӣ маҳрум шаванд”. Мақомот Ризоев ва Тошевро барои паҳн намудани тақрибан ҳафт навори видеоие, ки дар бораи шиканҷаи зиндониёни Хуҷанд нақл мекунад, муттаҳам мешуморанд.
Аммо Файзиннисо Воҳидова ва Абӯбакр Қулматов, вакилони мудофеи ин ду маҳбус, талаби айбдоркунандаи давлатиро ғайриқонунӣ дониста ва гуфтанд, нафарони таҳти ҳимояташон гуноҳе содир накардаанд. “Дар тӯли бештар аз се моҳ дар мурофиаи судӣ муайян карда шуд, он айбҳое, ки нисбат ба ду судшаванда эълон карда шудааст, тасдиқи худро наёфтанд. Зеро судшавандаҳо дар ҷойҳои адои ҷазо қарор гирифта, ҳеч имкони паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, бахусус навори видеоиро надоштанд”,-афзуд Воҳидова.
Видеои шиканҷаи Садриддин Тошев
Хонум Воҳидова дар идомаи суҳбаташ гуфт, “дар мурофиаи судӣ бе баҳс муайян карда шуд, ки санаи 5-уми ноябри соли гузашта ҳангоми ворид шудан ба муассисаи 3/3-и шаҳри Хуҷанд, воқеан, ҳамаи маҳбусон мавриди шиканҷа қарор гирифта буданд. Аммо ягон далели шайъӣ гирифта нашудааст ва то имрӯз ба парванда флешкорт ё телефони мобилие, ки тавассути он шиканҷаи зиндониён ба навор гирифта шудааст, вуҷуд надорад.”
Вакилони мудофеи Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев далели бегуноҳии зерҳимояҳои худро дар он мебинанд, ки онҳо ягон воситаи техникӣ ва дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ надоштанд, то иттилои бардурӯғро паҳн намоянд. Агар талаби айбдоркунандаи давлатӣ аз сӯи додрас қонеъ карда шавад, дар он сурат Тошев ва Ризоев аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳое, ки қаблан бар асоси он зиндонӣ шуда буданд, 12 соли дигар дар зиндони низомаш сахт адои ҷазо хоҳанд кард.
Садриддин Тошеву Сунатулло Ризоев тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба Хуҷанд интиқол ёфтанд. Дар акс: Файзиннисо Воҳидова ва Абӯбакр Қулматов
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |