Норозигии Ҷунбиши Миллӣ аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова
Ҷунбиши Миллии Тоҷикистон, як созмони сабтиномнашуда бо пахши изҳороте аз тасмими Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), ки номзадии Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷикро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард, норозигӣ кардааст.
Ин созмон бовар дорад, ки номзадии Бобоназарова ба таври ғайришаффоф ва ғайриодилона сурат гирифтааст ва аз ин рӯ аз ҳизбу ҳаракатҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ хостааст, то барои бознигарии ин тасмими ИНИТ пофишорӣ кунанд.
Ҷунбиши миллӣ, ки қаблан эълон дошта буд, Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҲСДТ-ро номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод мекунад, дар изҳороти ахираш оқои Зойировро беҳтарин ва қавитарин номзади умумӣ гуфтааст.
“Аммо, раҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки дертар шомили эътилоф шуда, тадриҷан ташаббуси неруҳои демокросӣ маҳдуд сохта, дар нишастҳои охирини ИНИТ бидуни далелу асосҳои воқеӣ ва бо фишори руҳӣ нисбат ба ҷаноби Зойировро водор намуд, ки номзадиашро ба нафъи нафари ношинос бозбас гирад ва ҳамин тариқ имконияти пирузии умумии мо дар интихобот ҳоло заифу халалдор карда шуд”,-навиштааст Ҷунбиши миллӣ.
Дар идомаи изҳорот омадааст, ки “бояд иқрор шуд, ки раҳбарияти ҲНИТ бо ин қарори худсаронаву беасос пешбарӣ намудани номзадии хонум Ойниҳол Бобоназарова ба имкони пирузии эътилоф зарари ҷиддӣ расонид ва низ обруву эътибори созмонашон дар назари аҳзоби дигар ва ҷомеаи маданӣ хароб кард. Мувозинати солим дар ИНИТ вайрон шуд чун онро ба хостаи як ҳизб табдил доданӣ шуданд, лекин мо нагузорем, ки ташаббусу талошҳои неруҳои воқеан демокросӣ бори дигар рабуда шавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |