Ҳамзистии афсари амният бо духтари ноболиғ дар Бадахшон тафтиш мешавад
Нисбати афсари Кумитаи амнияти миллӣ дар мавриди ҳамзистияш бо духтари ноболиғ дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон тафтишоти хидматӣ оғоз шуда, айни ҳол ҷараён дорад.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” директори “Ассосиатсия ҳуқуқшиносҳои Помир”, Манучеҳр Холиқназаров иттилоъ дод.
Холиқназаров афзуд, ки ин қазия таҳти пайгирии ҳуқуқшиносони созмонашон қарор дорад ва дар сурати тасдиқи гуноҳ афсари амният ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.
Қаблан мақомоти умури дохилии Бадахшон хабар доданд, ки масъули Кумитаи амният дар ноҳияи Ишкошим, Суҳроб Давронов соатҳои 5-и субҳи 2-юми май мавриди латту кӯб қарор гирифтааст ва барои даст доштан дар ин латту кӯб чанд ҷавон боздошт шудаанд. Сокинони Ишкошим мегӯянд, афсари амният дар ҳоле латту кӯб шудааст, ки субҳи барвақт аз хонаи як духтари мактабхон, ки тайи моҳҳои охир бо ӯ ҳамзистӣ мекардааст, берун рафтааст.
Холиқназаров дар суҳбат бо “Озодагон” таъйид кард, ки воқеан бо иттиҳоми латту кӯби афсари амният се ҷавони ноҳияи Ишкошим боздошт шуда буданд, вале айни ҳол ду нафарашон озод гардидаанд. Ба гуфтаи Холиқназаров ду ҷавони озодшуда аз татбиқи шиканҷа дар мақомоти умури дохилӣ ба додситонӣ шикоят бурдаанд ва тафтиши ҷузъиёти ин қазияҳо идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |