Адвокати рус: Талош мекунам, омилони латту кӯби муҳоҷирони тоҷик муҷозот шаванд
Як вакили дифоъ дар Русия ҳимояи ду шаҳрванди Тоҷикистонро бар зима гирифтааст, ки гуфта мешавад аз сӯи кормандони пулис мавриди латту кӯби бераҳмона қарор гирифтаанд.
Ба гуфтаи адвокат Дагир Хасавов, муҳоҷирони тоҷик Абдусамад Маҳмадалиев ва Муҳаммадшариф Давлатзода моҳи феврали соли равон дар ҳолати вазнин ба беморхона оварда шуданд. Ба гуфтаи ӯ, кормандони пулиси Шӯъбаи корҳои дохилии “Сокольники”-и шаҳри Маскав ин ду муҳоҷирро мавриди шиканҷа қарор додаанд, то дуздиеро ба гардан бигиранд, ки анҷом надодаанд.
“18 феврал давоми ду рӯз ин ду тоҷикро пулиси рус ба барқ монда, бо ҳаргуна асбобҳо шиканҷа кардаанд. Вақти латту кӯб дастони онҳо баста будааст. Муҳоҷирон, ки ҷинояти дӯздиро накарда буданд, гуноҳро ба гардан намегиранд. Баъди беҳуш шудани тоҷикон пулиси рус аз тарс мошини Ёрии таъҷилиро даъват карда, онҳо ба беморхона интиқол медиҳанд”,-гуфт Хасавов дар суҳбат бо “Озодагон”.
Вай афзуд, баъди ба ҳуш омадан ин муҳоҷирон ба Шӯъбаи пулис, додситонӣ ва чанд мақомоти дахлдор муроҷиат кардаанд, вале касе шикояти онҳоро баррасӣ накардааст: “Вақте онҳо барои гузоштани намоз ба масҷид мераванд, он ҷо бо яке аз адвокатҳо вохӯрда, ҳодисаро нақл мекунанд. Бори дигар муҳоҷирон ҳамроҳ бо ин вакили дифоъ ба Кумитаи тафтишотӣ ва Додгоҳи Русия аризаи шикоятӣ менависанд, вале ин бор ҳам додашонро касе намешунавад. Баъди ин онҳо барои кумаки ҳуқуқӣ ба ман муроҷиат карданд”.
Дагир Хасавов мегӯяд, ӯ нисбати тоҷикон эҳтироми зиёд қоил аст, аз ин хотир розӣ шуд, ки муҳоҷирони ҷабрдидаро ҳимоят кунад: “Мо ҳатман ин қазияро пайгирӣ карда, дар расонаҳои федералӣ низ матлабҳо нашр хоҳем кард. Худо хоҳад, шахсан худам ин муҳоҷиронро ҳимоя карда, талош менамоям, онҳоеро, ки дар шиканҷа даст доранд, аз мақомашон барканор шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”.
Акс аз саҳифаи фейсбуки Дагир Хасавов
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |