"Ифшои ном, вазифа ва “одами боло”-и милисае, ки журналистро кӯфт"
Хуршед Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мегӯяд, ному насаби нафареро, ки Доро Суҳробӣ, журналисти ҷавони тоҷикро латукӯб намудааст, муайян кардаанд.
Хуршед Атовулло, ки ҳамчунин роҳбарии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистонро ба уҳда дорад, дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст, ки “аллакай мо ному насаб, вазифаи он нафарро медонем ва инро ҳам медонем ки дар "боло" кӣ дорад, хамсояи кӣ асту зодаи куҷост”.
Раиси МТЖ аз қавли намояндаи баландпояи мақомот афзудааст, ки расман феълан тафтишот идома дорад гӯиё натиҷаи он баъди бозгашти Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ аз сафари Рашту Хатлон нашр хоҳад шуд.
Хуршеди Атовулло таъкид намудааст, ки дар ҳолате агар хулосаи тафтишот қонеъкунанда набошад, тасмим дорад, ки аз ҳисоби журналистон гуруҳи тадқиқотӣ ташкил кунаду асли воқеаро ба ҷомеа расонад.
Доро Суҳробӣ, хабарнигори 20-солаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон 18-уми сентябр ҳангоми иҷрои вазифаи хидматияш дар бозори “Гипрозем” аз сӯи мансабдори милиса то ҳолати беҳушӣ мавриди латукӯб қарор гирифтааст.
Доро Суҳробӣ қаблан дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, 18-уми сентябр барои инъикоси корҳои роҳсозӣ ва савдои кӯчагӣ ба назди бозори "Гипрозем" рафтааст: “Шоҳид шудам, ки зани тахминан 55-солаи обфурӯш бо марде дар либоси мулкӣ муноқиша карда, даъво дошт, ки «дирӯз ман 100 сомонӣ дода будам, ҳар рӯз пул аз куҷо аст, ки ба шумо диҳам. Шумо модар надоред, о, ҳама дар қади кӯча савдо доранд-ку? Чаро дигарҳоро намебинӣ, фақат ба ман часпидӣ".
Журналисти ҷавон гуфт, вақте хост асли қазия ва сабаби вайрон шудани тартиботи ҷамъиятиро фаҳмад, он мард дар либоси мулкӣ изҳор доштааст, ки "ту қонундон боз аз куҷо пайдо шудӣ, суратамонро мегирӣ?" гӯён суратгираки журналистро гирифта, флешкаашро шикастаст: “Баъд ба низомипӯш фармуду маро ба шуъбаи корҳои дохилӣ дар маҳаллаи Гипрозем бурданд. Марде, ки либоси мулкӣ дошт, маро то беҳуш шуданам кӯфт. Нафарони дигар, ки ҳамроҳаш буданд, монеи кори ӯ нашуданд. Баъдан аз якеаш фаҳмидам, ки сардорашон будаст”.
Доро Суҳробӣ илова намуд, ки дар баробари латукӯбу дашномҳои қабеҳ марди низомпӯш изҳор медошт, ки “ту бо будик будай. Шумо будикҳо зиёд гузарондаед. Против давлат менависед. Ҳозир газетаҳоро меорам, ҳамааш против давлат аст”.
Суҳробӣ гуфт, ҳудуди 40 дақиқа дар идораи пулис мондааст ва афзуд тайи ин муддат, даст, рӯй ва сараш лат хӯрдаанд: “Ман ҳозир аз ташхиси тиббӣ мегузарам. Дасти чапамро, ки бо оҳан заданд, лат хӯрдааст. Сарам ҳам ҳар замон чарх мезанад”.
Ӯ гуфт, ба телефони боварии вазири умури дохилӣ аз ин ҳодиса хабар дод ва ният дорад, ки аризаи расмиро низ барои муҷозоти омилони латукӯбаш пешниҳод намояд, то минбаъд аз худсариҳо ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ҷилавгирӣ шавад.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ки аз ин қазия тавассути расонаҳо огоҳ шудаанд: “Дар сомонаи Шумо ҳам хондем, огоҳем. Аллакай ба таҳқиқи ин қазия машғуланд. Ҳодиса мунсифона таҳқиқ мешавад ва агар тасдиқ ёбад, гунаҳкорон ҷазо дода хоҳанд шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |