Бахшҳо

Тоҷикдухтаре, ки беҳтарин хонандаи Твер эътироф гардид, донишҷӯи Академияи тиббӣ шудааст (АКС)

Нушофарин Ғиёсова, як тоҷикдухтар, ки макбати миёнаро дар вилояти Твер бо медали тилло ва мадраки сурх хатм намуда, беҳтарин хатмкунандаи вилоят эътироф шуд, донишҷӯи Академияи тиббӣ гардидааст.

Вақте дар поёни соли хониши сипаришуда ӯро беҳтарин хатмкунанда эълон карданд, зикр шуд, ки барои шомил шудан ба дилхоҳ муассисаи олии Русия имтиёз хоҳад дошт. Нушофарин дар суҳбат ба "Озодагон" гуфт, ӯ таҳсил дар Академияи тиббии шаҳри Тверро интихоб кард ва ҳоло донишҷӯйи ин мактаби олии бонуфузи Русия мебошад. Ба қавли вай, дар ҳоле, ки бисёре аз сокинони таҳҷойии Русия наметавонанд дар ин даргоҳ таҳсил кунанд, барояш бисёр ифтихорангез аст, ки тавонист бидуни имтиҳон ва ба таври ройгон ба ин даргоҳ ворид шавад.

Нушофарин Ғиёсова дар Душанбе таваллуд шудааст. Хонаводаи ӯ соли 2001 ба Русия муҳоҷират мекунад ва вай таҳсилро дар Русия шурӯъ мекунад. Падари Нушофарин Сайидалӣ Ғиёсов мегӯяд, аслан дар ноҳияи Ванҷ зода шудааст ва солҳои қабл аз муҳоҷирати хонаводагӣ дар Душанбе зиндагӣ мекарданд: “Чун кори дурусту мувофиқе дар Душанбе пайдо нашуд, маҷбур шудем ба Русия биоем”.

Вазорати маорифи вилояти Твер бо фармони вижа номи Нушофаринро барои соҳиби медали тилло ва мадрак (аттестат)-и сурх шудан, 28 июни соли равон ба Китоби Ифтихории хатмкунандаҳои мактабҳои ҳамагонӣ ворид кардааст. Губернатори вилояти Твер ҳам бо ирсоли як сипоснома падару модари ӯро табрик кардааст.

Замира, модари Нушофарин ба "Озодагон" гуфт, онҳо соҳиби ду фарзанданд ва фарзанди дуввуми онҳо – Фараҳнӯш низ бо баҳои аъло таҳсил мекунад: “Роҳбарият ва муаллимони мактаб доим мегӯянд, ки фарзандони Шумо ифтихори мактаби мо ҳастанд. Ҳамчунин муносибати ҳамсояҳо бо мо ва кӯдакони маҳалӣ бо фарзандони мо бисёр дар сатҳи хуб аст. Ман фикр мекунам агар кӯдакони мо, дар ин ҷо, дар муҳоҷират битавонанд аз худ шоистагӣ нишон диҳанд, муносибат бо онҳо дигаргуна мебошад”.

Хонаводаи Сайдалӣ шаҳрвандии Русияро доранд. Ба гуфтаи ӯ, шояд таҳсили хуби фарзандонаш аст, ки ҳеч гоҳе бо муносибати миллатгароёнаи мардуми маҳаллӣ рӯбарӯ нашудаанд. “Духтари ман бо ҳиҷоб ба дарсҳо мерафт ва ин фарҳанг дар Русия чандон пазируфта нест, вале ҳамсинфонаш бо ӯ муносибати хубе доштанд”,-мегӯяд Сайдалӣ Ғиёсов.

Ба гуфтаи волидони Нушофарин, Русия ба хонандаҳои боистеъдод имкони лозим медиҳад, то рушд кунанд: “Умедвор ҳастем, ки дар Ватани асосии мо, Тоҷикистони азиз низ чунин имконот барои хонандаҳо фароҳам шавад ва онҳо шахсияти худро бисозанд”.


Тоҷикдухтаре, ки беҳтарин хонандаи Твер эътироф гардид, донишҷӯи Академияи тиббӣ шудааст (АКС)

Тоҷикдухтаре, ки беҳтарин хонандаи Твер эътироф гардид, донишҷӯи Академияи тиббӣ шудааст (АКС)

Тоҷикдухтаре, ки беҳтарин хонандаи Твер эътироф гардид, донишҷӯи Академияи тиббӣ шудааст (АКС)

Тоҷикдухтаре, ки беҳтарин хонандаи Твер эътироф гардид, донишҷӯи Академияи тиббӣ шудааст (АКС)

Тоҷикдухтаре, ки беҳтарин хонандаи Твер эътироф гардид, донишҷӯи Академияи тиббӣ шудааст (АКС)
Мӯҳр
ali
Дар точикистон хичобпушро на танхо мактаб балки эхтимол аст хамаашон хабси хонаги шаванд.

Шариф
ифтихор офарин

Чамола
Хамаш хубу хамон хичобаш намешавад. Окибат фишор ва тахдидаш мекунанд. Бинед дар Аврупо окибат нисбати хичобпушхо чй карданд.

Маҳмуд
Офарин! Офарин! Офарин! Ҳазор офарин, духтари мусулмони тоҷик!!!

Рахмат ба хаминхел падару Модар

Мухочир
Хушо бар холат хохари Исломи ки бо Хичоби Исломи бехтарин хонанда шуди! Ва Рахмат ба Падару Модарат Барои тарбияи кардагияшон

a
Боз як бори дигар исбот мешавад, ки ба либоси хонанда не, ба саводаш ахамияти чидди додан зарур аст. Фарке чи дорад, ки хонанда чи пушида ба мактаб меояд? Мухимаш савияи дониш аст!

Сорбони Ошик.Нева
Хурсандиовар.Агар хохед,ки боз хам дар бораи фарзандхои дар Россия калон шудаву тахсил карда,маьлумоте дошта бошед,пас ягон журналист аз паси ин кор шавад.Чаро ин тавр ба тааччуб афтодед.Хело хуб,офарин ба падару модари ин хохараки мо.Лекин садхо нафар духтарону писарони точик дар маетабхои олии Россия,донишкадаву донишгоххо тахсил кардаанду тахсил мекунанд.Бисере аз духтаоони точик,нуктахои савдову ьичлрати хусуси ва ороишхонаву ба касби машшотаги машгуланд.Во нахурдед?Аз дехаи Лолазори нохияи Шахртуз,оилаи ронандаи колхоз Идиев Максудитон солхо 28-сола ба вилояти Самара омаданд.Писархо хонда сохибмаьлумот шуданд.Духтари ягонаи онхо Малохат аввал коллечи тибби ва холо Донишгохи тиббии шахри Самаро аьло хатм карда,духтур аст.Садхо чавонон афсари сохахои мудофиаву полиция,МЧС ва гумруканд...Ба тааччуб наафтед.Баьди 50-_сол,мири Москва не,псабе не,ки президенти Россия хам хоханд шуд.Иншооллох!

мухочир
Хамеша мувафаку сарбуланд боши, хохари азиз,Худо нигахбонат боша!

Саидчон аз Ёкутистон
Ахсант хохарчон! Рахмат ба волидайнат, туро дар мулки гариби бо ин сарбаланди ба воя расониданд. Хичобатро асло нагир ин намуна барои баъзехо мешавад.... Худованд нигахбонат ва дар тахсилотат мувафаккият....ту фахри хамаи мухочирон хасти, хуш ба холат

dar tojikiston hijob mepushidagish ziyod shudaast hej kas kor nadorad.fakat dar khujand hukumatash zid ast.

МашаАллох. Худованд дар панохаш нигах дорад.

Тоҷикзан
Духтарҷон ту фахри мо тоҷикони мусулмо ҳасти

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)