Бахшҳо

Созандаҳои “Арӯси замонавӣ-2” мегӯянд, қисми дуввуми филм плагиат нест (ВИДЕО)

Дар остонаи нахустнамоиши филми ҳунарии “Арӯси замонавӣ-2” баҳси “плагиат” будани қисмати аввали ин филм дубора рӯ зад. Аммо созандагони филм мегӯянд, қисмати дуввуми он аз ин камбудиҳо орист.

Абдулмӯъмин Шарифӣ, ҳунарманди шинохтаи театру кино ва муаллифи филмномаи “Арӯси замонавӣ-2” рӯзи 21 июл дар як нишасти хабарие гуфт, дар қисмати аввали филм созандаҳо аз пайи шавқу ҳавас рафта, ба хатоиҳо роҳ доданд: “Намешавад аз воқеият рӯ тофт. Вақте дар бораи як филм овозаҳое баланд мешавад, пас он ҳақиқате ҳам дорад”.

Аммо ӯ афзуд, қисмати дуввуми филм фарқкунанда ҳаст ва хатову камбудиҳо ислоҳ шудаанд: “Коргардон баъзе ҷойҳои сенарияро тағйир додааст, вале гумон мекунам писанди тамошобинон хоҳад шуд”.

Баъди вориди бозор шудани “Арӯси замонавӣ” сару садоҳо дар бораи аз як филми узбакӣ рӯбардор шудани сенарияи он зиёд шуд. Набиҷон Пирматов, муаллифи сенария, коргардон ва ҳунарманде, ки нақши асосиро дар филми “Арӯси замонавӣ” бозидааст, баъди ин сару садоҳо ба “Озодагон” иқрор карда буд, ки воқеан идеяи филм ва баъзе саҳнаҳои “Келгинди келин” ва як филми ҳиндӣ гирифта шудааст. Ба қавли ӯ танҳо филми ӯ на, балки се-чор филми дигари тоҷикӣ ҳам аз филмҳои узбакӣ рӯбардор шудаанд, вале ба қавли вай чун “Арӯси замонавӣ” машҳур шуд, зуд атрофаш баҳсҳои зиёд ба вуҷуд омад.



Зулфия Содиқова, яке аз дигар ҳунармандоне, ки дар ин филм нақш офаридааст, дар дидори рӯзи гузаштаи коргардон ва ҳунармандони “Арӯси замонавӣ-2” ба хабарнигорон гуфт, мавзӯи филм доғ аст ва дар ҳама ҷомеаҳо мавҷуд аст. Ӯ гуфт, филми узбакии “Келгинди келин”-ро тамошо накардааст ва фикр намекунад, ки саҳнаҳои ин ду кино бо ҳам аз ҳад зиёд монанд бошанд: “Шояд як хатти умумиаш монанд бошад, аммо шохаҳои дигаре ҳаст, ки коргардони тоҷик ба шеваи худ онро роҳандозӣ кард”. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Содиқова ҳар ҳунарманд дар филм ба шеваи хоси худ нақш меофарад, ки имкон надорад ба филми дигар шабоҳат дошта бошад.

Моҳпайкар Ёрова, ки яке аз нақшҳои асосиро дар ду қисми “Арӯси замонавӣ” бозӣ кардааст, мегӯяд, вақте қисмати аввали кино вориди бозор шуд, он ба дили мардум нишаст ва худи тамошобин талаб кард, ки он идома дошта бошад: “Образи арӯси замонавӣ дар ҳаёти воқеии мардум хело зиёд шудааст, анъанаву урфу одатҳои миллиро намедонанд ва мо бояд омӯзонем, тарбия кунем, нишон диҳем, ки духтари тоҷик чӣ гуна бояд рафтор кунад”.

Созандаҳои филм мегӯянд, дар “Арӯси замонавӣ-2” бисёр камбудиҳое, ки дар қисмати аввал буд, ислоҳ шуда ва умедворанд мақбули бинанда мегардад. Нахустнамоиши “Арӯси замонавӣ-2” рӯзи 23 июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Мӯҳр
Савод нест. Филмхои точикира нигох мекни сунъи будан ва ё шахшудагии онхо маълум ва ошкор аст. Факат мардуме ки сатхи пасти маданият дорад онро мебинад.каме бафилмхои дигар кишвархо нигаред. Масалан аз амрикову аврупо ё эрон нигох карда копи кунед кам кам ёд мегиред. Узбакистон ки худаш аз мо бадтар аст. Ба рубох гуфтанд шохидат кист? Гуфт думам.

Хаводорони Фильму клипхои точки монанди руз барин равшан АСТ ки фильм и Аруси замонави дар сатхи оли ва мутобик ба талаботи замони хозира аст бехтарин ташакур ба кулли созандагони фильм!!!! Он чи ки айен АСТ хочат ба байен нест

Ман бо дидани хунармандони касби дар ин филми тамоман фач ва идеяи дуздидашуда, умедро ба ояндаи синамо гум мекунам. Наход онхо барои ичрои хамин гуна накшхо рози шаванд??? Фахмо аст, ки шояд каме пул медиханд барои онхо, вале баъди ин фарк миёни хунарманди касби ва кучаги намемонад ку ???!!!! Мардуми донишманд, коргардонхои хирфави ва хунармандони асил бояд натарсида ба руйи ин гурух гуянд, ки "Хой мардум, шарманда накунед санъату хунари точика, бас кунед, ягон кори дигар ёбед, синамо ин кори хар кас нест!!!!" Аммо вакте мебини ки дар катори занакои лаби об мунакидону режисёрони мо ба тамошои ин филми бемазмун ва бемантик мераванд, хайрон мешави.....Мо кучо равонаем бо ин АРУСИ ЗАМОНАВИВУ ЛЖЕ Актёрхои нав?????

точик
филмхои точикиро тамошо куни асаби мешави умаман филм надорем мо точикон

Барости гуям филмхои ки вактхои охир филмофарони точик ба тамошобин пешкаш мекунанд аз ягон чихат чавобгуи нестанд . Боваркунед имруз як филме дар дукони дискфуруши бо номи « Кассос» харидори намудам бова кунед то охир тамошо кардам ягон чиз нафахмидам . Хунармандони номи худатонро бо чунин филмхои бемазмуну бемаъне паст накунед !!

Honanda
Dar hakikat ma'ni nadoran filmhoi tojiki maksadi senariyanavisu rejiser hudashonba malum na zaboni forami tojikist na tahauloti zamonavii tojikist. Kadomera hohand dar naksh memonand fark nadora vai havai naksha ehsos mekunad e na muhim kadr pur shavad.... In tojik kino vazorati farhang nahod hamika jahonbinii past doshta boshad ki bemanivu bemazmunivu puchu bemantikii havaeya nabunadu e sarfahm naravad.. Kinohoi tojikii zamoni shuravira binen tamosho kunen ed gire harchand holo sharoit va tehnologiyai zamonavi farohamtar ast nisbat ba onvakt... Hudaton fikr kunen senarya navise duzdi nakunen ohi aibai duzdiyam karde ideyaro kam kam tagiram darore az pushti ya kinoi fachaton oburui digar tojikonro fikr kunen hudaton sharmanda shude digaronro dar labi choh nabared...

Филмхои Точики руз то руз бехтар шуда истодаанд Узбакхо аз Точикон мегиранд суруду музыку филмхоро на Точикон аз онхо.Точикон бехтарин буданд ва хастанд.Узбаки бечора хеч чиз надошту надорад хар филму музыку актёр мебини дар Узбакистон хамаи онхо Точиканд на Узбак.

Дузди зур сохиби гова банд кардааст-мегуянд,дуруст аст! Забонашон дароз.Фарханги чандхазорсола дорем мегуеду аз навмиллатон медуздед.То ин хад беруги не охи...https://www.youtube.com/watch?v=_9T5KLqNAxo

Кинои тоҷик рӯз то рӯз пеш рафта истодааст. Албатта, бояд кушиш кунад, ки ҷои холие, ки филмҳои дигар милатҳо гирифтаанд, бо сунату оинҳои миллӣ пур намояд. Бояд донист, ки барои муарифии ҳар як кишвар синамо метавонад хизмати босазое дошта бошад. Бинед Ҳиндустонро дар ҷаҳон синамо чунон муарифӣ намуд, ки вазорати хориҷиаш 1% онро иҷро накардааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)