Талаби додситонӣ барои наҳзатиҳои аршад: Кӣ бояд чанд сол зиндонӣ шавад?
Айбдоркунандаи давлатӣ дар Додгоҳи Олӣ барои 5 узви раёсати олии Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ҳабси абад дар зиндони низомаш махсус талаб кардааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” айбдоркунанда аз ҷумла барои Сайидумар Ҳусайнӣ, ноиби аввали раиси ҲНИТ, Муҳаммадалии Ҳайит, ноиби раис, Қиёмиддини Аваз, раиси шӯъбаи душанбегии ҲНИТ, Давлатов Абдуқаҳҳор, масъули равобити хориҷии ҲНИТ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, раиси шӯъбаи ноҳияҳои тобеъи Маркази ҲНИТ ҳукми абад дар зиндони низомаш махсус талаб кардааст.
Айбдоркунанда барои Ҳикматулло Сайфуллозода, муҳаррири ҳафтаномаи “Наҷот” - 30 соли зиндон, Муҳамадалии Файзмуҳаммад, раиси Шӯъбаи тафтишоти ҲНИТ - 29 сол, Зубайдуллоҳи Розиқ, раҳбари шӯъбаи илм ва кор бо уламои ҲНИТ -30 сол, Каримов Саттор, маъруф бо Эшони Саттор - 28 сол, Саъдиддини Рустам - 24 сол, Воҳидхони Қосиддин, раҳбари шӯъбаи интихоботии ҲНИТ - 22 сол, Муҳаммадшариф Набиев, раиси шӯъбаи хатлонии ҲНИТ - 16 сол, Ғайратов Абдусамад, раиси бахши минтақаи Кӯлоби ҲНИТ - 16 соли зиндони низомаш сахт талаб кардааст.
Барои Зарафо Раҳмонӣ, ягона зан миёни боздоштшудагон, ки ба ҳайси мушовир ҳуқуқии раиси ҲНИТ фаъолият мекард, 5 сол маҳбас талаб карда шудааст.
Мурофиаи навбатӣ рӯзи сешанбеи 17-уми май таъин шудааст.
Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳайит, Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов баъд аз амалиёт алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиа дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон 17 сентябр бо нашри як изҳорот гуфт, ин афрод баъди пурра нобуд кардани аъзои гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" (Абдуҳалим Назарзода) қасди фирор аз кишварро доштаанд: “Дар асоси далелҳои дар рафти тафтишот дастрасшуда, бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон шахсони зикршуда боздошт гардиданд".
Ин ниҳод баъдан эълон кард, алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |