Ҷононов: Афғонистон амнияти “CASA-1000”-ро ваъда дод
![](https://www.ozodagon.com/uploads/posts/2016-04/1461145458_tajik2.jpg)
Навоз Шариф, сарвазири Покистон 12 майи соли равон бо ҳадафи ширкат дар маросими ифтитоҳи тарҳи “CASA-1000” озими Душанбе хоҳад шуд ва ин тарҳ барои ҷилавгирӣ аз буҳрони барқ дар Покистон кумак мекунад.
Ин нуктаро Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон зимни мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Dispatch News Desk” изҳор доштааст. Сафири Тоҷикистон ба суол дар мавриди хатарҳо ба амнияти хатти интиқоли барқ дар ҳудуди Афғонистон гуфтааст: “Афғонистон барои таъмини амнияти хатти барқ ба ҳамаи тарафҳои тарҳи “CASA-1000” ваъдаи қатъӣ додааст ва ин масъулиятро бар дӯш гирифтааст. Тоҷикистон 18 сол аст, ки аз тариқи 2 хат бидуни ягон монеа барқ интиқол медиҳад. Аз ин рӯ бояд бовар кард, ки хатти барқи “CASA-1000” аз хатар дар амон хоҳад буд”.
Ин дипломати тоҷик дар бахши дигаре аз суҳбаташ ба робитаи тиҷоратии Тоҷикистону Покистон дахл карда, аз қавли нахуствазир Навоз Шариф ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки ҳаҷми тиҷорати ин ду кишвар бояд ба ним миллиард доллар боло бурда шавад. Ҷононов бандари Гвадари Покистонро барои Тоҷикистон кӯтоҳтарин ва арзонтарин роҳ ба бозорҳои ҷаҳонӣ хондаст.
Ба гуфтаи Ҷононов, Покистон беҳтарин асбобҳои ҷарроҳӣ, варзишӣ ва чармиро тавлид мекунад, аммо тоҷирони Тоҷикистон дар бораи зарфияти тиҷорати дуҷониба иттиллои кам доранд: “Тоҷикистон ягона кишварест, ки Осиёи Марказиро бо Покистон пайваст мекунад. Шурӯъ аз 6 майи соли ҷорӣ миёни пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Лоҳури Покистон хатти парвоз роҳандозӣ мешавад. Сайёҳӣ арсаи калидиест, ки дар иттиллоъ пайдо кардани мардум аз ҳамдигар нақши калидӣ дорад”.
Сафири Тоҷикистон дар анҷоми мусоҳибааш қайд кардааст: “Мо аз Покистон танҳо 14 километр дур астем. Покистон яке аз шарикони муҳими стратегии Тоҷикистон аст ва агар мо дар ҳамин раванд робитаамонро давом диҳем, ман хушбинам, ки робитаи Тоҷикистону Покистон намунае барои миллатҳои дигар хоҳад буд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июл 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |