Шабакаи телевизионии “Столица”, дар барномаи “Люди Мегаполиса” тоҷиконро аз зовияи нав инъикос кардааст.
Дар ҳоле, ки аксаран тоҷикон дар расонаҳои Русия ҳамчун нашъҷаллоб, ҷинояткор ва қувваи кории арзону беҳуқуқ намоиш дода мешаванд, Алексей Шапочников, ровии барнома, намояндагони тоҷиконро даъват кардааст, то дар бораи таърих, анъана ва тарзи ҳаёти ин миллат суҳбат кунанд.
Барнома, ки бо ҳузури Гавҳар Ҷураева, раҳбари бунёди “Тоҷикистон”, Мавзуна Абдуалиева, корманди ин бунёд ва Раззоқ Латифов, геолог, гузашт, миёни корбарони интернет аз кишварҳои гуногун хуш истиқбол шудааст. Бархе аз шореҳони барнома дар интернет мегӯянд, тайи 25 дақиқа тоҷиконро аз зовияи нав, ҳамчун миллати куҳанбунёд, соҳиби анъана ва таърихи бузург шинохтанд ва фаҳмидаанд, ки ин миллат танҳо гастербайтер надорад. Видеои барномаи "Люди мегаполиса" дар бораи тоҷикон:
Мӯҳр