Бахшҳо

Аудитор пора хост, то камбудиҳои “Барқи тоҷик”-ро ифшо накунад

Як корманди ширкати аудитории “Сомон-Аудит” барои ошкор накардани камбудиҳо дар низоми “Барқи тоҷик” 12 ҳазор доллари амрикоӣ пора талаб кардааст.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон корманди 57-солаи “Сомон-Аудит”, сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд: “Муттаҳам фаъолияти шабакаҳои барқии ноҳияи Аштро дар давраи аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли 2015 санҷида, барои пинҳон нигоҳ доштани камбудиҳои ошкоркардааш аз масъули 50-солаи шабакаҳои барқи ноҳияи Ашт 12 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намудаст”.

Ба иттилои манбаъ муттаҳам ҳамчун аудитор аз ваколатҳояш суистифода намуда, 6 феврал 2000 сомонӣ гирифта, 12-уми феврал зимни гирифтани 3000 доллари амрикоӣ дастгир гардид: “Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.

Ифшои камбудиҳо дар фаъолияти масъулини “Барқи тоҷик” дар ҳолест, ки феълан ин ширкат бо қарзи 1,5 миллиард сомонӣ калонтарин қарздор дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” аввали моҳи равон изҳор дошт, ки тамоми кормандони ширкаташро бо санҷиш ё худ аттестатсия фаро хоҳад гирифт.

Ӯ 4 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, то ҳол 1445 коргарро бо аттестатсия фаро гирифтаанд, ки аз ин 827 нафарашон аз санҷиш гузашта, беш аз 600 нафари дигар нагузаштаанд. Ба иттилои раёсати “Барқи тоҷик” феълан ин ширкат 12 ҳазору 867 корманд дорад, ки нисбати як соли пеш 421 нафар кам мебошад. Коҳиши коргаронро манбаъ ба гусели 188 нафақхӯр ва ихтисори коргарон рабт дод.
Мӯҳр
ИДРИС
салом миллат
ин корманди авдит аз хизби Халк бошад ё аз ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)