(АКС) Бадахшон: Заминларза 600 манзилро комилан хароб кардааст
Ҳукумати Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон теъдоди манзилҳои осебдида аз заминларзаи рӯзи 7 декабрро 700-то гуфт.
Нилуфар Асламшоева, як масъули дастгоҳи раиси вилояти Бадахшони куҳӣ имрӯз, 8 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, 600 хона пурра хароб гардида, 100 манзили дигар қисман зарар дидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир барои расонидани кумакҳо ситоди назди раиси вилоят ташкил шуда, чархбол бо маводи хурока ва хаймаҳо омодааст ва дар сурати беҳтар шудани ҳаво ба водии Бартанг парвоз мекунад. Хонум Асламшоева афзуд, “дар ҳоли ҳозир барои ҷобаҷо кардани аҳолие, ки хонаҳояшон зарар дидаанду дар онҳо имкони зиндагӣ нест, дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Хоруғ гуруҳҳои корӣ таъсис шудаанд, ки мақсадашон ҷобаҷо кардани аҳолии зарардида дар хобгоҳҳо, мактаб-интернатҳо ва дигар ҷойҳо дар доираи имконот мебошад”.
Ин масъули дастгоҳи раиси вилояти Бадахшон гуфт, дар пайи фаромадани сангреза роҳ ба самти водии Бартанг баста шуда, корҳои тозакунӣ дар ҳудуди деҳаҳои Басид ва Савноб идома дорад.
СУПОРИШИ Э.РАҲМОН ДАР ПАЙИ ЗАМИНЛАРЗАИ ШАДИД ДАР БАДАХШОН
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи заминларзаи рӯзи 7 декабр, ки бар асари он садҳо хона дар вилояти Бадахшон осеб дидааст, дастур дода, ҳарчи зудтар аҳолии бесарпаноҳмонда бо ҷойи зисти муваққатӣ таъмин шаванд.
Тибқи иттилои расмӣ, имрӯз, 8 декабр таҳти раҳбарии Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон барои бартараф намудани оқибатҳои заминларза дар Бадахшон комиссияи ҳукуматӣ таъсис шудааст. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони ин комиссия, раиси вилояти Бадахшон ва роҳбарони дигар вазорату ниҳодҳо дастур додааст, ки афроди бесарпаноҳмондаро бо сарулибоси гарм, хӯрок ва дигар лавозимоту шароити зарурӣ таъмин намуда, барои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид таклифу пешниҳодҳои мушаххас ироа намоянд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар бар асари заминларзаи 7 декабр як нафар ба ҳалокат расида, беш аз даҳ нафар захм бардоштаанд. Ин ниҳод мегӯяд, зилзила 500 манзилро хароб кардааст. Ин дар ҳолест, ки аз ҳалокати як корманди милиса низ дар пайи сангреза хабар расид. Манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, шаби гузашта мошини Вазорати умури дохилӣ дар километри 70-уми роҳи водии Бартанг зери сангреза монд, ки дар натиҷа як корманди Вазорати умури дохилӣ ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Рӯзи 7 декабр, тақрибан соати 12:50 дар Тоҷикистон замин ҷунбид, ки бино ба маълумоти Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон, шиддати заминларза дар маркази он 7,2 баллро ташкил додааст. Ба иттилои манбаъ, ноҳияи Мурғоби Бадахшони Куҳӣ наздиктарин минтақаи ба маркази заминҷунбӣ наздик аст: “Он дар 87 километрии шарқи маркази заминларза ҷойгир мебошад”.
Аз Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, зилзила дар 357 километрии ҷанубу-шарқи Душанбе ба вуқӯъ пайваста, иқтидори он дар пойтахт 3-4 балл ва маркази он 7-8 баллро ташкил додааст. Ба иттилои манбаъ, шиддати такони замин дар атрофи кӯли Сарез, ки 22 километр дуртар аз маркази заминларза ҷойгир аст, 5-6 дараҷа будааст.Аксҳо аз рустои Сипонҷ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |