Бахшҳо

Иқрори таҳиягари “Арӯси замонавӣ”: Аз филми узбакӣ гирифтам (ВИДЕО)

Набиҷон Пирматов, таҳиягари филми “Арӯси замонавӣ” иқрор шуд, ки идея ва бархе аз саҳнаҳоро аз филми узбакии “Келгинди келин” гирифтааст.

Пирматов, муаллифи сенария, коргардон ва ҳунарманд, ки нақши асосиро дар филми “Арӯси замонавӣ” бозидааст, имрӯз, 26 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” иқрор шуд, ки идеяи филм ва баъзе саҳнаҳои “Арӯси замонавӣ” аз филми узбакии “Келгинди келин” (Аруси худомада) ва як филми ҳиндӣ гирифта шудааст: “Идеяи филми “Арӯси замонавӣ” аз филми узбакист, ки ба ҳаёти ман монанд буд ва ба он тағйироту иловаҳо даровардам. Аслан идеяи ҳам филми “Арӯси замонавӣ” ва ҳам “Келгинди келин” аз филми ҳинду буда, узбекҳо ба он тағйироти зиёд ворид кардаанд ва ман низ дар филмам аз ҳаёти худам тағйирот ворид кардам”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран дар бозори фиттафурӯшии Тоҷикистон фиттаи саҳнаҳои рӯбардоршудаи “Арӯси замонавӣ” аз филми Келгинди келин” пайдо шуд, ки харидорони зиёд пайдо намуд.

Оқои Пирматов дар шарҳи қазия гуфт, як филми ӯ не, балки се-чор филми дигари тоҷикӣ аз узбакӣ рӯбардор шудаанд, аммо “Аруси замонавӣ”, ки ба гуфтаи ӯ машҳур шудааст мавриди баҳсҳои зиёд қарор гирифтааст.

Набиҷон Пирматов гуфт, дар ҳоли ҳозир ба наворбардории қисми дуюми филми мазкур машғул аст, ки пурра нав аст ва аз ягон ҷо рӯбардор нашудааст: “Дар ҳоли ҳозир 80 дарсади қисми дуюми филм наворбардорӣ шуда, авалҳои моҳи феврал ба намоиш гузошта мешавад”.


ВИДЕОИ саҳнаҳои рӯбардоршудаи "Арӯси замонавӣ":

Мӯҳр
Ррр
Салом, ОГОИ НАБИЧОН АВВАЛАН БАРОИ ЗАХМАТХОИ КАШИДААТ ТАШАККУР МЕГУЯМ,ВАЛЕ ОХИР ИН ФИЛМЕКИ ШУМО ТАХИЯ КАРДААЕД САРОПО ХАМА АЗ ЯК САРГУЗАШТЕТНАКЛ МЕШАВАД КИ БАРОИ ЧАВОНИ ИМРУЗА БА ГАЙР АЗ ИШК ЧИЗЕ ДОДА НАМЕТАВОНАД. ОХИР ЧАВОНИ ИМРУТ ТАНХО БА ИШК ЭХТИЁЧ НАДОРАД МАСЪАЛАХОИ ДИГАРЕ АСТ КИ АЗ МАВЗУИ ИШК МУХИМТАР,ЗАРУРИТАР МЕБОШАНД.МАН АЗ ШУМО ВА ХАМКОРОНАТОН КИ ЗАХМАТ КАШИДА ФИЛМ ТАХИЯ МЕКУНЕД ХОХИШ МЕКУНАМ КАМ КАМ МАДАНИЯТИ ТОЧИКИИ НОБРО ПЕШКАШИ ТАМОШОБИН ГРОДОНЕДАЗ
УМЕД МЕКУНЕМ КИ ИН ПЕШНИХОДИ МО САБАБИ ОЗУРДАГИИ ХОТИРИ ШУМО АЗИЗОН НАШУДА БОШАД.

Сарбадор
ай хама чо хама чи гирену ай хами узбак хиччи нагирен илтимос хамара чазир кардан

Точик
Аввал он ки дар кадом ассос Пирматов филмбардори менамояд. Дуюм огои Пирматов аз филмхои пештара аз гурухи филмбардорон карздораст аввал моаши он касхоро дихад. Сеюм ин ки У чи будани киноро намедонад. Пирматов коргардон нест ин кафолати100% аз тарфи ман.

Агар филми наваш аз ягон чо рубардор нашуда бошад, ба хеч кас маъкул намешавад ин будаги кор)))

Филми оличаноб шумоён лоики аз хам дида филмхои нав ба нав ба навор гиред . барори кор .

Эҳааа, ана гап дар куҷо будааст. Ба ростӣ айб аст, наход дидаву дониста филмро аз "ҳамсояи беҳтарин" рӯйбардор кунед, шарманда кардед. Боз дар фейсбук ҳама навиштаҳоятон ба забони русӣ, садқаи забони модарӣ шавед. Ба фикрам филми 2-ро аз қирғизҳо гирифтагистед...

шармандаги
Агар ягон маблаггузори баккуват бошад сурогаи электрониша нависад. аз ин бехтар ва бомаънитар сенарияхои филми менависам, ки дар муддати як ё як ним сол фазои кинои точик тагир меёбад. медони ки нусха бардоштести мембри бигуи ки суми зиёд дориву мехохи актиёр шави. ман барот бехтарин ролро ёки накшро пешкаш мекардам. хам ту машхур хам филм бомаъни мешуд.

Xусейн
Rosti hami film mada nisand nashid gapzanishon rangi gudako qst

Тамоми сахна аз филми узбекии келгинди келин гирифта шудааст. Хатто тамоми суханхояшон тарчума шудааст як ба як. Ман филми узбекии келгинди келинро пурра тамошо карда будам. На бархе аз сахнахо балки тамоми кино пурра тарчума шудааст. Ин ягон идеяи нав нест. Агар бовар накунед як бор филми Келгинди келинро тамошо кунед. Шахсоне ки забони узбекиро намедонанд ба забони руси тамошо кунед. Тарчумаи забони русиаш хам хаст. Ин филм 4-5 сол пеш баромада буд. Дар филми Аруси замонави ягон идеяи нав нест, танхо филми узбекиро рубардор кардаанд.

Азизони дил, муфт хур набошед!

Дар Точикистон гапзан бисёр аст, корбудкун кам. Набичон Пирматов як корро буд кард: филм сохт.
Мегуед, режиссёр нест? Тачриба андухта ва ба омузиш машгул шуда, режиссёр мешавад. То накуни, аз кучо ёд мегири? Аммо продюсер буданаш аз хозир маълум аст.
Аз руи филми дигарон сохт? Адибон хам аввал ба тарзи навишти дигарон машк мекунанд, хеч гап надорад. Кор аз хамин сар мешавад. Танхо ин ки пинхон накарда, ошкор ба ин аз аввал коил шудан лозим буд. Ё шояд икрор нашудан чузъи "рекламная кампания", барои чалби таваччух буд? Ва инак бо икроршави боз ба филм таваччух чалб гардид. Хороший ход!
Филм симохои нав, актёрхои нахонда, лекин мешуданиро мисли Макс (номи аслиашро чаро пинхон мекунад, намедонам) ва Сабрина ифшо кард. Бо онхо филмхои чолиб сохтан мумкин аст.
То харгуна филмхо зиёд нашаванд, тачриба чамъ намешавад ва филмхои хуб пайдо намешаванд. Бигзор кор кунанд. Умедбахш хастанд. Устодон, агар гурури милли дошта бошанд, бояд ба онхо ёри расонанд, на халал. Касе ба ин гуна гуруххо халал мерасонад, реша ба тешаи ояндаи кино мезанад, ба андешаам.
Ба ТОЧИК: ТВ Синамо таъсис мешавад, агар сенаристи хуб бошед, кабул мекунанд. Ончо равед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)