Бахшҳо

АКС+ВИДЕО: Шаҳбол Мирзоев дар бораи латту кӯб ва орзуи кор дар Хадамоти гумрук

Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик дар як суҳбати видеоӣ бо “Озодагон” тафсилоти қазияи латту кӯб шуданашро нақл кард.

Хабарнигори “Озодагон” бо Шаҳбол Мирзоев дар Маркази солимгардонии ҷумҳуриявӣ барои иштирокчиёни ҶБВ-и шаҳри Хуҷанд суҳбат кард. Ӯ гуфт, рӯзи ҳодиса дандонаш дард кард ва барои кандани он ба шифохонаи сарбозон рафт: “Гуфтанд шаб инҷо хоб мекунӣ, пагоҳ ба беморхонаи қушунҳои сарҳадӣ бурда, аз назар мегузаронем. Либосҳоямро иваз карда баромадам. Усмоналӣ Ғайратов ва сарбозон дар берун буданд. Вақте мехостам аз наздашон гузарам Ғайратов бехабар маро бардошта ба замин зад. Хостам аз ҷоям баланд шавам, аммо натавонистам. Чанд маротиба амр дод, ки бархезам, баъд бо пояш ба кундаи синаам баромад. Чанд маротаба маро бардоштанд, аммо дубора меафтидам”.

Шаҳбол мегӯяд, ӯро ба як утоқ дароварда, аввал масҳ карданд ва пасон аз нӯги по то қафаси сина сӯзан задаанд, вале ӯ дардро эҳсос накард: “Вақте аз қафаси синаам болотар рафтанд, ҳис кардам. Боз лезва заданд, унашам ҳис накардам. Ба пойҳою пуштам оби гарм рехтанд, онро ҳам ҳис накардам”. Ин сарбоз мегӯяд, рӯзи дигар то соати 4-и аср дар ҳамон шифохона нигоҳаш дошта, баъд ба беморхонаи қушунҳои сарҳадӣ бурдаанд. Мегӯяд, онҷо қабулаш накарданд ва бо як сабукрав ба беморхонаи “Қарияи боло” оварда шуд: “Дар “Қарияи боло” маро қабул карданду духтур ба наздам омада пурсид, ки падарам дар кучо аст? Гуфтам, дар Русия. Духтур Наҷмиддинов гуфт, агар падарат дар мудати се соат наомад, мемурӣ. Ҳамин хел ҳар рӯз муҳлат медоданд, ки 7 рӯз пас мемурӣ, вақте 7 рӯз мегузашт, мегуфтанд, 14 рӯз пас мемурӣ”.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, писараш рӯзи 6 марти соли 2014 мавриди латту кӯб қарор гирифт ва ӯ 7 март аз Русия ба Хуҷанд парвоз намуда, рӯзи 8-ум ба Душанбе расид. “Командиронаш ба ман гуфтанд, ки нос кашида, ғалтидаст. Худаш ҳам қоил нашуд. Баъд фаҳмондам, ки дигар роҳ гашта наметавонӣ, хизмат ҳам карда наметавонӣ. Аз нав ҳолати корро нақл кард. Баъд аз ин командиронаш дигар ба беморхона наомаданд”,-афзуд ӯ.

Падари Шаҳбол мегӯяд, бо гузашти як солу ҳашт моҳи табобат ҳоло саломатии писараш беҳтар шудааст. Ҳоло ӯ қасд дорад боғашро фурӯхта, Шаҳболро барои муолиҷа Кореяи ҷанубӣ барад. Ҳоло Шаҳбол мустақилона дасту пойҳояшро ба ҳаракат медарорад. Мегӯяд, орзу дорад, баъди комилан шифо ёфтан дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба кор дарояд.



Мирзо Комилов, ҷонишини сардухтури Маркази солимгардонии ҷумҳуриявӣ барои иштирокчиёни ҶБВ, ки Шаҳбол онҷо табобат мегирад, дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, муҳраи гардани Шаҳбол осеб дида, дасту пойҳояш аз ҳаракат монда буд ва наметавонист ғизо бихурад: “Як моҳ мешавад дар Маркази солимгардонӣ табобат гирифта истодааст. Ҳолаташ хело беҳтар шудааст. Дастанонашро ҳаракат медиҳад, нафасгириаш низ хуб аст. Ба по рост шуданаш ба худи ӯ вобастагӣ дорад”.

Муҳсин Ҷабборов, сардухтури Маркази солимгардонии ҷумҳуриявӣ барои иштирокчиёни ҶБВ гуфт, Шаҳболро ройгон табобат мекунанд. “Фурқат Ахмедов, инструктори варзишӣ ҳар рӯз омада бо Шаҳбол машқ мекунад. Ба таври ихтиёрӣ низ иҷозат ҳаст, ки машқ кунад. Ба ғайр аз ин муолиҷаҳои гарм гирифта истодааст. Муолиҷаи Шаҳбол мавсимӣ аст, дар се моҳ як бор табобат мегирад. Се моҳе, ки фосила мешавад бояд бо машкҳои физикӣ машғул шавад. Барқарорсозии саломатии Шаҳбол аз худаш сахт вобаста аст”,-таъкид намуд Ҷабборов.

Шаҳбол Мирзоев, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд буда, соли 2013 довталабона ба хидмати низомӣ рафта, то замони латту кӯб шуданаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 адои хизмат мекард.

19 июни соли 2014 Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратовро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.

Хонаводаи Шаҳбол Мирзоев аз Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки қисми низоми 2620 тобеи он аст, 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам ҷуброни зарари моддӣ талаб кард. 25 майи соли 2015 Зебуниссо Саидова, додраси Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе қарор кард, Сарраёсат ба хонаводаи Шаҳбол 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам ҷуброни зарари моддӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад. Аммо 6 август Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон дар пайи баррасии шикояти кассатсионии ҷавобгар, пардохти зарари модӣ ва маънавӣ ба сарбози латту кӯбшударо бекор кард.


АКС+ВИДЕО: Шаҳбол Мирзоев дар бораи латту кӯб ва орзуи кор дар Хадамоти гумрук

АКС+ВИДЕО: Шаҳбол Мирзоев дар бораи латту кӯб ва орзуи кор дар Хадамоти гумрук

АКС+ВИДЕО: Шаҳбол Мирзоев дар бораи латту кӯб ва орзуи кор дар Хадамоти гумрук

АКС+ВИДЕО: Шаҳбол Мирзоев дар бораи латту кӯб ва орзуи кор дар Хадамоти гумрук

АКС+ВИДЕО: Шаҳбол Мирзоев дар бораи латту кӯб ва орзуи кор дар Хадамоти гумрук

АКС+ВИДЕО: Шаҳбол Мирзоев дар бораи латту кӯб ва орзуи кор дар Хадамоти гумрук

АКС+ВИДЕО: Шаҳбол Мирзоев дар бораи латту кӯб ва орзуи кор дар Хадамоти гумрук

АКС+ВИДЕО: Шаҳбол Мирзоев дар бораи латту кӯб ва орзуи кор дар Хадамоти гумрук
Мӯҳр
Хамдард
Хохишмандам, номи хамон духтури фасодзада аз "Кария Боло", ки хам руз омада аз мурдани Шахбол тахдид мекарду, бо ин рох пораю фасод тамаъ мекард, нашр шавад, то хамагон донанд, ки ин кист.

zol
Xudoro shukr ki ahvolash dorad ruj ba behbudi meravad. Shahboljon tu hatman boz ba poj mexezivu in hamaro ki az sarat guzasht chun xobi mudhish ba yod meori. In hama vaqt tamomi insonhoe ki az qissai tu xabar doshtand ba xudo duo mekardand ki turo davo baxshad. Kame digar toqat kun,ammo hej noumed nashav. Tu fomli mehrubon dorivu dustoni ziyod ki ba haqqi tu har ruz duo mekunand manham dar qatori onho. Dar amoni yazdon boshi hamesha.

Аз гирифтани номи вай духтур чи суд? Зиёда аз 80 % духтурхо хамин "касалро" доранд. Баъд чи?

Duhtur
"Ozodagon"- i muhtaram, hamon "duhtur" najmiddinovro naefted yak du savoli obdor medoded.

Хазорон рахмат ба кормандони озодагон ки аз холи Шахбол мепурсанд. Худо ачратон дихад, кори савоб мекунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)