Хабари боздошти 4 нафар ва тақозои падари Умар барои муҷозоти муҷримон
Дар робита ба қазияи латту кӯби Умар Бобоҷонов, як донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Ваҳдат чор корманди пулис боздошт шудааст. Дар ин бора ба “Озодагон” Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари ин донишҷӯ иттилоъ дода афзуд, хабари боздошти онҳоро имрӯз ба вай расондаанд. Талоши хабарнигори мо барои суҳбат бо масъулини Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат дар ин робита то ин соат бенатиҷа буд.
Хабари боздошти кормандони пулис дар ҳолест, ки рӯзи якуми сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон хостори таҳқиқи ин қазия шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД бо супориши генерал-лейтенанти милиса гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ таҳти роҳбарии муовини вазир таъсис шуда, ҳодисаи мазкур мавриди санҷиши хизматӣ қарор дорад.
Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари Умар ба “Озодагон” гуфт, мехоҳад афроде, ки дар латту кӯби писараш даст доранд, дар чорчуби қонун ҷазо бигиранд. Ӯ вазъи писарашро вахим арзёбӣ карда гуфт, бо гузашти се рӯз ҳанӯз ба гап надаромадааст: “Мо ба Худо такя мекунем”.
Падари ин ҷавони 23-сола мегӯяд, фарзандашро барои ришаш латту кӯб кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |