А. Ғаффоров: Болои курсии одӣ ҳам нишаста, кор карда мешавад
Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон аз имзои протоколе барои худдорӣ аз хароҷоти дуюмдараҷа дар вазорату идораҳои давлатии кишвар истиқбол карда, онро дар давраи буҳронӣ манфиатовар хонд.
Ҷаноби Ғаффоров дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ин иқдом барои ғанӣ гардонидани буҷаи давлат манфиатовар буда, дар мавриди беҳтар гардонидани зиндагии нафақахурон, оилаҳои камбизоату маъюбон ва донишҷӯён кумак хоҳад кард”.
Ӯ афзуд, ҳарчанд ин амали ҳукумати Тоҷикистон барои бархеҳо сода менамояд, вале боиси сарфаҷӯии маблағҳои зиёд хоҳад шуд: “Ин масъала дар назари аввал бисёр чизи одӣ менамояд. Аммо агар оқилона назар кунем, хеле манфиатовар аст”.
Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таъкид кард, дар давраи буҳронӣ бояд ҳатто аз хариди мизу курсиҳои гаронарзиш низ дар идораҳои давлатӣ худдорӣ шавад: “Шарт нест, мо паси мизу курсиҳои хеле воло нишаста кор кунем. Корро болои курсии одӣ ҳам нишаста, иҷро карда мешавад”.
Ӯ дар идома гуфт, иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар вазъияти буҳронӣ бояд хеле барвақтар гирифта мешуд: “Ин масъала хеле дер, тақрибан шаш - ҳафт моҳ баъдтар гирифта шуд. Албатта, иқдоми мазкур пештар дар назар буд, вале ҳамчун санаде, ки онро пурра фарогир бошад, мутаассифона дер ба имзо расид”.
Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи барномаҳои зидди буҳронии худ протоколеро ба имзо расонид, ки тибқи он вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шудаанд, маблағҳои буҷети давлатиро сарфаҷӯёна истифода баранд.
Тибқи иттилои масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон, ин протокол бо назардошти буҳрони молиявӣ таҳия шуда, дар он таъкид мешавад, ки “ҷиҳати таъмини хароҷоти самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пешгирӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷа барои хоҷагидорӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиётии хизматӣ, сарфаю сариштакорӣ роҳ надодан ва исрофкорӣ мунтазам чораандеши намоянд”.
Як масъули Вазорати молияи Тоҷикистон дар пайи имзои ин протокол дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, тибқи он истифодаи нақлиётии хизматӣ аз ҷониби мансабдорон маҳдуд мешавад. Ӯ афзуд, барои сӯзишвории нақлёти хизматии мансабдорон аз ҳисоби буҷаи давлат маблағ сарф мешавад ва дар пайи буҳрони молиявӣ аллакай ба ниҳодҳои давлатӣ дастур шудааст, истифода аз мошинҳои хизматиро кам намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд: ”Лекин гуфта нашудааст, ҳама бояд аз нақлиёти хизматӣ қатъиян даст кашанд, танҳо дастур шуда, ки дар ҳар вазорату идораҳо маҳдуд карда шавад. Амалишавии ин масъала таҳти назорат аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |