М.Ҳайит: Дари ҲНИТ ҳамагӣ якшабонарӯз баста буд
Масъулини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, дафтари кории онҳо ҳамагӣ якшабонарӯз баста буд ва ҳоло фаъолият дорад.
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ имрӯз, 20 август ба "Озодагон" гуфт, бо далели мавҷуд набудани васоили сухторнишонӣ гуруҳи кории Хадамоти сухторнишонии ВКД утоқи кории онҳоро дар баста буд: "Ҳоло дари дафтар боз аст ва мо кушиш мекунем, дар наздиктарин фурсат, норасоиҳо ислоҳ шаванд".
Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз муваққатан баста шудани ҳуҷраи кории чанд ҳизби сиёсӣ, бо шумули ҲНИТ дар пайи як санҷиш хабар дод. Ба иттилои торнамои расмии ин ниҳод, санҷиши мазкур аз сӯи гуруҳи кории Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД бо ҳадафи пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва таҳкими бехатарии оташнишонӣ анҷом шудааст.
Манбаъ меафзояд, ҳуҷраҳои кории Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, воқеъ дар бинои “Кохи Ваҳдат”, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар бинои Академияи илмҳо, Ҳизби аграрӣ дар бинои Академияи илмҳои кишоварзӣ, Ҳизби сотсиалистӣ дар бинои Маҷлиси олӣ, Ҳизби коммунист дар бинои Суди олии иқтисодӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ дар кӯчаи Борбад ва Ҳизби сотсиал-демократӣ дар ноҳияи Сино низ мавриди санҷиш қарор гирифтаанд: “Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки ҳуҷраҳои кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо системаи автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда муҷҷаҳаз гардонида нашудааст, васл ва истифодабарии ноқилҳои барқии ду ҳуҷраи корӣ ба Қоидаҳои сохти дастгоҳҳои барқӣ ҷавобгӯ нестанд. Ҳуҷраҳои кории Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон бошад, бо воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ таъмин карда нашуда, бо системаи автоматикии аз сӯхтор огоҳкунанда муҷҷаҳаз нестанд. Ҳамчунин, бинои маъмурӣ ва биноҳои ёрирасони қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо системаи воқифкунанда таҷҳизонида нашудааст, сипари оташнишонӣ бо воситаву асбобҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ пурра таъмин карда нашудааст, конструксияҳои аз чӯб сохташудаи биноҳо бо маҳлули кимиёвии аз сӯхтор муҳофизаткунанда коркард нашудааст, манбаҳои обии оташнишонӣ мавҷуд нест, ноқилҳои барқии биноҳои нашрияи қароргоҳ ва дигар биноҳо бар хилофи талаботи Қоидаҳои сохти дастгоҳҳои барқӣ гузаронида шуда, аз санҷишҳои муқовимати барқӣ нагузаштааст. Инчунин, васл ва истифодабарии ноқилҳои барқии ҳуҷраҳои кории Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба Қоидаҳои сохти дастгоҳҳои барқӣ ҷавобгӯ набуда, ба истифодаи фурӯзонакҳои тафсон роҳ дода шудааст”.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, барои риоя нашудани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор ҳуҷраҳои кории ҲХДТ, ҲСДТ ва ҲНИТ, “то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боздошта шудаанд”.
Манбаъ афзудааст, аз ҷониби гуруҳи корӣ дар маҷмӯъ, "беш аз 186 иншооту биноҳои давлатию хусусӣ ва дигар сохтмонҳои хоҷагии халқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе маҷмӯи чорабиниҳои санҷишӣ-профилактикӣ амалӣ гардонида шуд".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |