(ВИДЕО) Масъули Вазорати нақлиёт: Ба Иттиҳоди гумрукӣ рафтани Бишкек таъсири худро расонд
Масъулини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид шудани Қирғизистон алакай таъсири худро ба кишвари мо расонидааст.
Қурбон Саидов, сардори Раёсати нақлиёти роҳи заминии Вазорати нақлиёт, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Тоҷикистон дигар наметавонад молу колои худро тавассути гузаргоҳи марзии Иркештам, ки дар сарҳади Чин бо Қирғизистон вокеъ аст, интиқол бидиҳад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, интиқоли коло тавассути ин гузаргоҳ роҳро кутоҳ мекунад: “Аз 14-уми августи соли ҷорӣ Ҷумҳурии Қирғизистон аъзои комилҳуқуқи Иттиҳоди гумрукӣ гардид ва шурӯъ аз ҳамон сана дар нуқтаи сарҳадии Иркештам, ки дар сарҳади Чин ва Қирғизистон воқеъ аст, интиқоли молу маҳсулоти давлатҳои аъзои ин иттиҳод набуда ба сарҳади кишварҳои шомили ин иттиҳод иҷозат дода намешавад. Ин боиси он шуд, ки мо дигар борҳои худро тавассути ин сарҳад гузаронида наметавонем”.
Ӯ мегӯяд, ҳоло барои интиқоли молу коло аз роҳи Қулма тавасути Мурғоб, Хоруғу Кӯлоб истифода мебаранд: “Ҳарчанд роҳ дур аст, аммо роҳи худамон аст ва дар оянда рушд мекунад”.
Ба қавли оқои Саидов, интиқоли молу коло бо роҳи дароз таъсири худро ба арзиши маҳсулоти воридшаванда мегузорад: “Аз Қулма тавасути Карамик 787 километрро ташкил медиҳад. Аз Қулма тавасути Хоруғ – Душанбе 1187 километр аст”.
Ин масъули Вазорати нақлиёт ба хисороти офати табиии ахир низ дахл карда гуфт: “16-уми июл бар асари офати табиӣ дар қисмати шарқии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Шуғнон роҳи автомобилгарди байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Қулма дар километри 630-ум то 640-ум дар масофаи 4 километр зери об монда, як кӯл низ дар ин мавзеъ корношоям гардид. Ин сабаби муваққатан қатъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёти байналмилалие шуд, ки аз Чин ба Тоҷикистон молу колои мардумро интиқол медод”.
Ба қавли ӯ, бо талошу кушишҳои масъулини вазорат, ба вижа раҳбари он Шералӣ Ганҷалзода, ки аз замони шурӯи офатҳои табиӣ то имрӯз дар вилояти Бадахшон қарор дорад, роҳи алтернативӣ тавассути Хоруғ-Ишкошим-Тузкул фаъол гардонида шуд. “Тамоми нишондодҳои техникии роҳ, ки ҷавобгӯи талаботи бехатарии ҳаракат дар роҳ барои воситаҳои гаронвазн набуданд, дар як муддати кутоҳ ба ҳолати истифодабарӣ оварда шуданд”,-афзуд Саидов.
Сардори Раёсати нақлиёти роҳи заминии Вазорати нақлиёт гуфт, бо далели харобшавии роҳҳо шумораи воситаҳои нақлиётие, ки а Чин ба Тоҷикистон ворид мешуд, ба маротиб кам гардидшуданд: “Имрӯзҳо зиёда аз 20 адад воситаи нақлиёт тавассути роҳи алтернативии Хоруғ-Ишкошим ба самти марказ ва дигар навоҳии кишвар ҳаракат мекунанд. Пештар дар як рӯз наздики 70 то 100 воситаи нақлиёт ворид мешуд. Албата буҳрони иқтисодӣ ҳам барои гардиши молу маҳсулоти Чин таъсири худашро расонида аст”.
ВИДЕОИ суҳбати хабарнигори “Озодагон” бо Қурбон Саидовро инҷо тамошо кунед
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |