Шиканҷа барои тарбия: Парвандаи қатли Сумаяи 14-сола ба додгоҳ рафт
Мақомоти тафтишотии Миср парвандаи ҷиноӣ алайҳи Илҳом Бобоевро, ҷавони тоҷик, ки дар марги хоҳарзодааш Сумая Раҳматоваи 14-сола айбдор мешавад, ба додгоҳ ирсол намудаанд.
Дар ин бора манобеи “Озодагон” иттилоъ дода, афзуданд, ки Бобоев Сумаяро барои гӯш надодан ба суханҳои модараш мавриди шиканҷа қарор медодааст, ки оқибат бо марги ин духтари ноболиғ анҷом ёфтааст. Ба иттилои манбаъ ҳоло гумонбар дар боздоштгоҳи мисрӣ қарор дошта, мунтазири ҳукми додгоҳ мебошад.
Дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноии Илҳом Бобоевро таъйид карда, афзуданд, ки ҷузъиёти қазияро баъди эълони ҳукми додгоҳ шарҳ хоҳанд дод.
Наздикони Сумая ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки Бобоев бародархонди модари Сумая буда, аз кӯдакӣ дар тарбияи ин хонавода будааст. Гуфта мешавад Сумая Раҳматоваи 14-сола аз ҷониби тағохондаш Илҳом Бобоев дар манзили зисташ дар шаҳри Қоҳира 28 марти соли ҷорӣ ба қатл расонда шудааст ва ба гуфтаи наздикон ҷасади ӯ 2 апрел дар ноҳияи Ҳисор, қишлоқи Бозорчашма ба хок супорида шуд. Наздикони Сумая инчунин гуфтанд, ки ду бародар ва хоҳараш, ки ҳамроҳашон дар Миср буданд, ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Қаблан Абдулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ки қатлшуда Сумая Раҳматова, соли тавалллудаш 2001, сокини кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе мебошад, ки моҳи майи соли 2014 ҳамроҳи модар ва ду бародар ва як хоҳари ноболиғаш ба Миср рафтааст. Падари хонавода дар Русия кор мекардааст ва баъди ду-се моҳ аз ҳоли фарзандонаш дар Миср хабар мегирифтааст: “Фарзандонаш дар ягон ҷо таҳсил намекардаанд. Рӯзи 28-уми март Сумая аз модараш хостааст, иҷоза диҳад, ки барои харидани ширинӣ ба мағоза биравад. Одатан ӯ дар давоми 15-20 дақиқа ба хона бармегаштааст, аммо он рӯз баъди ду соат оғуштаи хун ба хона омадааст. Ба суоли модараш, ки чӣ гап шуд, чизе нагуфта, танҳо бо ангуштонаш адади серо нишон додааст. Баъди 20 дақиқаи омаданаш ба хона ҷон додааст”.
Атоев изҳор дошт, ҳодиса дар минтақаи Мадинат-ул-Бууси Қоҳира рух додааст. Маврид ба зикр аст, ки аввали моҳи апрел пулиси Миср аз шиканҷа ва қатли як духтари 14-солаи тоҷик дар шаҳри Қоҳира, пойтахти ин кишвар хабар дод. Бадир Усома, ёрдамчии аввали вазири умури дохилии Миср гуфтааст, ҷасади ин духтари 14-солаи тоҷик бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз дохили манзили истиқоматияш пайдо шудааст. Расонаҳои мисрӣ аз қавли Бадир Усома хабар додаанд, ки тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон қабл аз марг мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |