Маълум шудани оғози мурофиаҳои додгоҳии Бобак Занҷонӣ
Ғуломҳусайн Муҳсини Эжаӣ, сухангӯи нерӯи қазоии Эрон эълом кардааст, аввалин ҷаласаи додгоҳии тоҷири эронӣ -- Бобак Занҷонӣ аввалҳои моҳи октябр баргузор мешавад.
Эжаӣ дар нишасти хабарии рӯзи душанбеи 3 август гуфтааст, феълан вакилон дар ҳоли мутолиаи парванда ҳастанд ва қозии парванда ба вукало тавсия карда, вақти бештареро барои ин кор бигзоранд, “то битавонем зудтар додгоҳро дар чанд ҷаласае, ки лозим бошад дунбол кунем ва ба натиҷа бирасем”.
Бино ба иттилои расонаҳои Эрон, сухангӯи қувваи қазоӣ дар мавриди дидори намояндагони маҷлис бо Бобак Занҷонӣ гуфтааст: “Намояндагон бар асоси вазифаи қонуние, ки доранд, ҳаққи вуруд ба парвандаҳои қазоиро надоранд”.
Бобак Занҷонӣ, тоҷири эронӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт шуд. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои “гум шудан”-и ду миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Қаблан Ҳусайн Деҳдаштӣ, узви кумитаи пайгирии парвандаи Бобак Занҷонӣ ба рӯзномаи “Шарқ” гуфта буд, ки ки аз понздаҳ як ҳиссаи дороиҳои ин миллиардери боздоштшуда, дар Тоҷикистон аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |