Бахшҳо

Даргузашти генерал Мамадаёз Навҷувонов

Генрал-майор Мамадаёз Навҷувонов, вазири пешини умури дохилии Тоҷикистон дар синни 73-солагӣ аз олам даргузаштааст.

Наздикони марҳум дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, Навҷувонов зуҳри 28 июл дар пайи бемории кутоҳмуддате фавтидааст. Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, шоми 28 июл ҷанозаи собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон ба зодгоҳаш – ноҳияи Шуғнон интиқол дода мешавад.

Мамадаёз Навҷувонов аз зумраи вазирони ҳукумати Раҳмон Набиев дар Тоҷикистон буд, ки баъд аз барканорияш аз симмати вазирии умури дохилии кишвар ва танқидҳои раиси вақти Шӯрои олии Тоҷикистон – Сафаралӣ Кенҷаев тарафдоронаш назди бинои парлумон таҷаммуъ карда, истеъфои Кенҷаевро талаб карданд. Баъзе аз таҳлилгарони ҷанги дохилии Тоҷикистон ин таҷаммуи ҷонибдорони Навҷувоновро яке аз ангезаҳои шиддатбахши ҷанги дохилӣ донистаанд, ки гӯиё аз ҷониби хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ тарҳрезӣ шуда буд.

Мамадаёз Навҷувонов соли 1942 дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон ба дунеё омадаст. Соли 1966 омузишгоҳи олии Вазорати умури дохилии Иттиҳоди Шӯравиро хатм карда, соли 1969 ба Омузишгоҳи олии ВКД-и Итиҳоди Шӯрави дар шаҳри Ленинград дохил шуд. Соли 1975 факултаи Ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Навҷувно солҳои 1975-1979 дар Акдемияи ҳарбии ба номи Фрунзеи шаҳри Москва таҳсил карда, соли 1966 аз мансаби кумандони взвод то қумандони двизия дар шаҳри Душнабе дар куваҳои ҳарбии Вазорати умури дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст. Соли 1972 барои садоқат ва корнамоӣ бо ордени Ситораи сурх мушараф гардид. Ӯ аз соли 1989 то 1992 ба ҳайси вазири умури дохилии Тоҷикистон кор кардааст.

Нашрияи "АИФ=МММ", ҳафтаномаи мустақили иттиллоотиву фарҳангии чопи Душанбе моҳи апрели соли 2012 феҳристи сад шахси таърихии Тоҷикистон дар солҳои 1900-2010-ро ба нашр расонида, дар баробари Садриддин Айнӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Лоиқ Шералӣ, Мавлавии Ҳиндустонӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Ҳоҷӣ Мирзо аз Мамадаёз Навҷувонов низ ном бурда буд.
Мӯҳр
ХУДО РАХМАТАШ КУНАД.

Алишер
Он вакт аз хочи Мирзотон нишон набуд

милиса
Танкидхои Кенчаев заказной буданду низоъи милли аз он пештар тархрези буду заминаааш тайёр. Ин факат бахона шуд. Генерали хакикиро афсус дигар сурог накарданд, ага не бисер хизматхо мекард.

Дар хакикат генерал Навчавонов генерали хакики буд ва дар давраи шурави ба ин маком расида буд ва шахси нихоят росткавл, чидди ва дорои махорат ва малакаи олии касби буд ва дар байни афсарону аскарон обруй ва эътиброи баланд дошт. Насибу такдир будааст,ки дар хамон давру замон Вазири корхои дохилии чумхури таъин шуд ва дар ин бесарусомонихо ва бозихои сиёси новобаста аз хохиши худ пайваст ва тот охирин лахза кушиш кард,ки вазъиятро ба эътидол оварад.

Алишер,
ака хушру нигох кун вай 2012 чоп шудагияай чиба ай дарафи дига нигох мекунен

Рачабали
ЧАНОЗАИ НАВЧУВОНОВРО БОЯД ХУКУМАТ ДАР ДУШАНБЕ БАРПО МЕНАМУД.ВАЛЕ АФСУС КИ .......Э..ЧОИ ГАП НЕСТ.......

No comment
чАВОБ БА Рачабали, худорахматида уже фарк надорад дар кучо чанозаи уро мегузаронанд.

Мунир
Мирзохон,
хамина гапохи Шумо "бе пои кадам" чи мане дорад???
Чи хели бе пои кадам??

Акмал
Чосусони кишвари хоричи (Узбакистон ва ГРУи Россия) ин Кенчаев ва Набиев буданд, факат ин ду нафар гунаҳкор

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)