Озодии якрӯзаи Далер Амонов ба хотири иштирок дар маъракаи рамазонӣ
Наздикони Далер Амонов, муассиси ширкати “Арзон-мобайл” мегӯянд, муҳлати адои ҷазояш ҳанӯз пурра ба анҷом нарасидааст. Ба гуфтаи онҳо, Далерро ахиран бо сабаби коргари фаъоли истеҳсолоти муассисаи ислоҳӣ будан, "рухсатии якрӯза додаанд, то дар маъракаи рамазонӣ иштирок намояд".
Наздикони Далер Амонов афзуданд, ӯ дубора ба муассисаи ислоҳии Вазорати адлия баргашта, адои ҷазо мекунад: "Муҳлати ҳабси ӯ моҳи октябри соли 2016 анҷом меёбад".
Ҷаноби Амонов, ки ба иттиҳоми азхуд кардани садҳо ҳазор доллари шарикони тиҷорияш моҳи октябри соли 2010 боздошт ва тобистони соли 2011 ба 9 соли зиндон маҳкум шуд, ба иттилои манобеи “Озодагон” чанд рӯзи пеш ба озодӣ баромадааст.
Амонов аз сӯи Оҷонсии зидди фасод боздошт ва аз сӯи додгоҳ дар тасарруфи амвол, қаллобӣ ва сӯиистифода аз мақом гунаҳкор шинохта шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |