Бахшҳо
22 июл 2015 08:26Тоҷикистон / Тема дня

Суғд: Ошкор шудани 179 фолбин ва сеҳру ҷодугар (САДО)

Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд мегӯяд, наздики 180 фолбину сеҳру ҷодугарро ошкор кардааст.

Обидҷон Шарофов - мудири ин ниҳод, дар нишасти хабарие рӯзи 21 июл дар шаҳри Хуҷанд гуфт, таҳил ва ҷамъбастҳои шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ нишон дод, ки вақтҳои ахир дар шаҳру навоҳии вилоят машғул шудан бо сеҳру ҷоду, фолбинӣ ва инчунин, табобати ғайрикасбии хонагӣ аз ҷониби шаҳрвандон бештар ба чашм расида, характери ихлоси умумиро ба худ касб намудааст: “Мо инро ҷамъбаст ва исбот кардем”.



Ҷаноби Шарофов дар идома қайд кард, то 10 майи соли равон 179 нафар бе риояи қонунҳои амалкунанда ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ва 22 каси дигар бидуни иҷозатнома бо табобати ғайриқонунии хонагӣ машғул будаанд: “Бештари онҳое, ки бо сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дар қаламрави вилоят, аз ҷумла, дар шаҳру навоҳии Ҷаббор Расулов (34 нафар), Бобоҷон Ғафуров (29), Ашт (28), Зафаробод (21), Исфара ва Конибодом (14 нафарӣ), Ғончӣ (12) ва Панҷакент (8 нафар) сару кор доштанд, ошкор ва ба мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод шуданд”.

Обидҷон Шарофов афзуд, ин афрод аз сӯйи мақомоти дахлдор тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон – “Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ”, ҷаримабандӣ гаштаанд.

Ба иттилои мудири шӯъба оид ба корҳои дини вилояти Суғд, аз 22 нафар табиби ғайрикасбие, ки дар хонаводаҳо фаъолият мебурдаанд, танҳо 2 нафар - яке аз Спитамен ва дигарӣ аз Қайроққум, расман иҷозатномаи фаъолият дошта, боқимонда ғайриқонунӣ фаъолият мекардаанд.
Мӯҳр
Рузноманигорони мухтарами "Озодагон". Чи тавр метавон гуфт "бе риояи қонунҳои амалкунанда ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машгул будаанд"? Магар ба чунин кор бо риояи конунхои амалкунанда машгул шудан мумкин аст? Мантик кучост? Шояд "бар хилофи конунхои амалкунанда ба сехру чоду ва фолбини машгул буданд"? Дуввум-аз мазмуни чумла чунин бармеояд, ки хам чаноби Шарофов ва хам шумо рузноманигорон ба сехру чоду бовари доред. Намехохед дар ин бора андеша кунед?

Баба яга
сурогаи зуртаинашро дихех, сахт даркорай

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)