Бахшҳо
15 июл 2015 19:22Тоҷикистон / Сиёсат

Изҳороти Вазорати адлия ва қумандонҳои собиқи ИНОТ алайҳи ҲНИТ

Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нашри изҳороте муроҷиати Ҳизби наҳзати исломӣ ба Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон барои дахолат ба вазъи кунунии кишварро “ғаразнок” хондааст. Дар изҳороти ин ниҳод аз ҷумла омадааст, “бо мақсади дастрасӣ ба ғаразҳои хеш ҲНИТ зери шиори ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба як қатор давлату созмонҳои байналмилалӣ “барои мудохила ба вазъияти Тоҷикистон” муроҷиат намудааст”.

Масъулини вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтаанд, ҳоло тамоми аҳзоби сиёсии кишвар дар фазои ҳуқуқӣ фаъолият дошта, ҳар масъалае, ки пеш меояд, бояд дар доираи қонугузории амалкунанда ҳаллу фасл шавад: “Ягон давлат ва ё созмонҳои байналмилалӣ ҳуқуқи мудохила ба масъалаҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоранд”.

Ба қавли муаллифони изҳорот, ҲНИТ дар ҳоле зери “шиори ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ” ба ҷомеаи байналмилалӣ шикоят бурда, барои дахолат муроҷиат кардааст, ки гӯиё ҳоло “баъзе давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ “бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи инсон” истиқлолияти давлатиро сарфи назар карда, ба масъалаҳои дохилии давлатҳои соҳибистиқлол мудохила менамоянд ва натиҷаи чунин иқдомотро мо дар мисоли давлатҳои араб ва баъзе давлатҳои дигар мушоҳида менамоем”.

Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон дар идома ҲНИТ-ро ба таблиғоти ғайриқонунии динӣ муттаҳам карда, таъкид кардаанд, ки ин ҳизб бо вуҷуди он ки ба сифати ҳизби характери динӣ дошта фаъолият менамояд, ташкилоти динӣ нест ва ҳаққи анҷоми фаъолияти диниро надорад: “Вале ҲНИТ ба қонуншиканӣ дар ин самт роҳ дода, ғайриқонунӣ расму ойин ва маросимҳои динӣ, таблиғоти оммавии диниро анҷом медиҳад, ки боиси чораҳои эътиноии мақомоти давлатӣ гашта истодааст”.

Вазорати адлияи кишвар аз он ибрози норозигӣ кардааст, ки гӯиё ҲНИТ боре ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистонро маҳкум накарда, мавқеии худ алайҳи созмони террористти маъруф ба ДИИШ-ро равшан накардааст. Дар изҳорот тамоми муроҷиату шикоятҳои ҲНИТ аз мақомоти давлатии Тоҷикистон “туҳмат” хонда шуда, таъкид гардидааст, агар мақсади ҲНИТ ифшои камбуди ҳукумати Тоҷикистон мебуд бояд таҳлилҳои воқеии иқтисодиву иҷтимоии кишварро пешниҳод менамуд: “Аммо мақсади ҲНИТ на дар пешниҳоди таҳлили воқеӣ, балки бо ҳар роҳ паст задани давлат ва барангехтани низоъ миёни ҷомеа мебошад”.

Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон қарори ахири Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар мавриди он ки тамоми аризаҳои беруншавӣ аз саффи ҳизб ва барҳам додани бахшҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар, ки таҳти фишор навишта шудаанд, беэътибор дониста мешавад, зидди Сарқонуни кишвар хондаанд: “Вақтҳои охир ба Вазорати адлияи Тоҷикистон нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии ҲНИТ оид ба қатъи фаъолияти онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ворид мегарданд, ки нусхаи асосии он ба Раёсати Олии ҲНИТ ирсол гардида, аъзоёни ҳизб аз ҲНИТ баромада истодаанд. Бо вуҷуди ин Раёсати Олии ҲНИТ ин санадҳоро бо баҳонаи “зери фишор қабулгардида» эътироф накарда, аризаи аъзоёни ҳизбро, ки хоҳиши хориҷ шудан аз онро доранд, бе баррасӣ мондааст. Ин амали ҲНИТ ба моддаи 28 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зид мебошад, ки тибқи он шаҳрванд ҳақ дорад ихтиёран ба ҳизбҳои сиёсӣ дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Илова бар ин воқеияти мазкур хилофи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва сархати аввали банди 2.4 Оинномаи ҲНИТ низ ҳастанд”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан 12 қумандони собиқи ИНОТ бо шумули генерали феълии мақомоти умури дохилӣ, Шоҳ Искандаров низ дар робита ба муроҷиати ҲНИТ изҳорот дода, онро маҳкум карданд. Қумандонҳои пешини ИНОТ ҲНИТ-ро дар ҳаводиси солҳои 90-уми Тоҷикистон айбдор карда, хостори қатъи фаъолияти ягона ҳизби сиёсии расмии динӣ дар Осиёи Марказӣ шуданд: “Вақти он расидааст, ки фаъолиятатонро қатъ кунед. Ин беҳтарин хизмати Шумо барои ҳамдиёрон хоҳад буд”. Зери ин изҳорот аз ҷумла Ризвонов Зайниддин Ҷонмаҳмадович, муовини фармондеҳи қушунҳои хушкигарди ҚМ ҶТ, генерал майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, Сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Турсунзода, полковник Абдуллоев Маҳмадӣ Ҳусейнович, Сардори шуъбаи Раёсати ақибгоҳи Вазорати мудофиаи ҶТ ҷамъ 12 нафар имзо гузоштаанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз фишорҳои зиёди мақомоти кишвар ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви гурӯҳи тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон номаи шикоятӣ ирсол намуда, хостори мудохилаи онҳо ба вазъияти мавҷуда шудааст. Раёсати Олии ҲНИТ далели аслии ирсоли номаро ба унвони ин созмонҳо ва кишварҳо “вазъи номуносиби ба вуҷуд омада дар Тоҷикистон, ба хусус, амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи мақомоти тоҷик нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф” унвон кард буд.
Мӯҳр
Икром
Ин вазорати адлия хам як ниходи давлатида

Хакгу
Дар хакикат мархум нури чехраи баьзе кумандонхои худфурушро шинохта буд ва онхоро Каргас хонда буд...

донишчу
салом зиндабод хнит , аллох сабртон ато кунад , хак бар тарафи хнит аст . хнит мардонавор бар ахдаш истод вале тарафи дигар ахд шикани карда истодааст , худо ваьда дода ки ахдшиканонро чазо медихад. илтимос чоп кунед савоб мегире (((

99
Е-е, Боракаоллоҳ!!!
Қанд занед!
Ҳама медонистанд, ки оқибати кори шумо ҳамин аст!
Ана акнун, кори ифлос будани сиёсатро бо гӯшони худ мешунавем ва бо чашмони худ мебинем.
Дурӯягӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ!? Шумо русҳоро бо ин коратон ду пул кардед!
О, ду рӯзакак пеш, ҷанги шаҳрвандии тоҷиконро ба гардани русу узбак мезадед, ки мутлақо дуруст буд. Имрӯз, фақат ва фақат, ҲНИТ-ро гунаҳгор мекунед. Пас канӣ мантиқ? Бо кӣ сулҳ када будед? Оё бо Афғонистон ё Эрон, ё бо худатон ба худатон?
Ман на аъзои ҲНИТ-аму на аъзою тарафдори ягон ҳизби дигар дар Тоҷикистон. Ҳамчун як шаҳрванди оддии тоҷик дилам ба ҳар нафаре месӯзад, ки барои ин миллат шуда, мехоҳад коре кунад, вале аз ҷабри "сиёсати хирадмандона"-и шумо аз ҳама чиз мемонад. Ҳатто то аҳлу авлодашро рӯз намедиҳед!
Бас кунед! Аз Худо тарсед! Медонед, ки тоҷикон дар дунё тарафдоре надоранд, шумо ин гуна корҳоро ба миллати мо раво мебинед. Вале Худованд моро азоб ҳам диҳад, ба нестӣ нарасонидааст ва Иншоаллоҳ нест намешавем.
Ҳама хуб медонанд, ки давлати тоҷикон дар дасти шумо нест ва ҷилави асосӣ дар дасти рус аст. Вале шумо ба онҳо "ба ҷои салла калла" набаред, чунки ин ба худи шумо ҳам зарар дорад. Фардо, Худо накарда коре шавад, аввал ҳамин хоҷагонатон сари шуморо мехуранд, ки ин аниқ аст, вале боз бало ба сари мардуми бечораи мо мерезад. Дигар барои шумо "тарафи сулҳ" намемонад, ки созиш кунед.

Мушкили Точикистон ХНИТ ва ё кадом як хизби дигар нест, мушкилии Точикистон ин:
- набудани чои кори;
- ноухдабароии хукумат дар масъалаи давлатдори;
- коррупсия ва реша давонидани бесобикаи хешу таборбози дар сатхи гуногуни хукумат;
- поймолшавии хукук ва озодихои шахрвандон;
- сатхи пасти сохаи маориф ва тандурусти;
- карзхои бузурги давлати;
- доман пахнкардани "сохибкории" аъзои оилаи раисчумхури кишвар
ва гайраву ва хоказо.
Ман хамчун як шахрванди сохибхукуки Точикистон эълон мекунам, ки на ХНИТ ва на ягон хизби дигар, барои вазъи кунунии кишварам чавобгу нест!

генералшох
Ман на аъзои ҲНИТ-аму на аъзою тарафдори ягон ҳизби дигар дар Тоҷикистон. Ҳамчун як шаҳрванди оддии тоҷик мепурсам, чаро ин хизбро номнавис кардеду ягон бор фаъолияташро чидддан назорат накардед эй Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон

Акрам
Охир хамин Искандарзода Шох Амиршоро бародарон ва падараш дар дехаи Фидокори нохияи Вахш аъзои фаъоли ХНИТ хаст. Дар интихоботи парлумони 2015, падараш Амиршо гала-гала мардумро аз хонахояшон пеш пеш карда ба участкаи интихоботи оварад, ки ба ХНИТ овоз дихед, бо ин писараш ба хотири мансаб шуда худро аз ХНИТ дур мегирад. Билети хизбиашро бинед дар вакташ Нури имзо гузоштааст.

Ба рохбарият ва бокимонда(агар монда бошанд) аъзоёни ХНИТ!
Шумоён хуб дарк карда истодаед, ки аз дастатон ягон фоидае ба мардуми Точикистон намебиёяд ва наомада хам буд. Дар чунин вазъияти тезу тунди дунё аз "хочахои" байналмиллал мурочиат намудан- ин шаъну шарафи халки точикро паст задан мебошад. Шарм доред!!!! Чудоиандози накунед!!!!!

Намояндагони ХНИТ биёед ба хотири онхое, ки дар чанги шахрвандии сохои 1992 .... аз тарафхои мухталиф кушта шуданд, даъвохоро бас кунед.
Ба мардуми Точикистон мегуям-халки азизи ман хамон солхоро ба ёд биёред, киро куштему кучо рафтем. Бас дигар ба чохи чахолату нороми бояд наафтем. Барои мо мусалмонон чи лозим аст хизбу ташкилотхои сиёси, ки барои ба сари кудрат омадан кушишхо намуда истодаанд. Монед сиёсатмадорон вазифахои ба душдоштаи худро ичро намоянд.
Душманони мардуми Точикистон- Имруз ба хар роху восита Президенти мамлакатро танкид карда бо ин рох мехохед дили мардумро ба даст биёреду ба максадхои нопоки худ бирасед, вале мардуми Точикистон ба кавли худи шумо "Аз хоби гарон хестаанд" ва медонанд, ки ки хуб асту ки нохуб.
Биёед хубтараш вазифахои дар душдоштаи худро ичро намоему барои тарбияи фарзандон кушиш кунем, ки ояндаи худро ба дасти чохилу бесавод насупорем. Худо мо мардуми азияткашидаи точикро дар панохаш нигах дорад. Иди саиди Фитр муборак.

Дар Точикистон ХНИТ зарурият надорад.

Дар байни аъзоёони ХНИТ-и Панчакент шахсони солимфикрро нада будам. Хамашон фикрхои безеб доштанд. Аъзоёни ХНИТ фикрхои мардумро ба дигар тараф равона мекарданд.

Озодагон! Барои чи фикри манро нашр намекунед?

Аз сафи ХНИТ мардум бо хохиши худ хорич шуданд.Дер мардум фахмид ки ин хизб фикру акидахояшонро дигар мекунад

Аъзоёни ХНИТ-ро танхо дар давраи интихобот мебинем. Онхо факат даъвои вакил шуданро доранд. Ман худ хамчун аъзои ХНИТ будам ва шарм мекунам ки ба ин хизб дохил шудам. Кормандони ХНИТ худ шохид шуда истодаед ба чи корхо машгуланд. Масалан муовини раиси ХНИТ-и Чумхури ба чи кор машугл буданаш ба хамагон аён аст. Бисёр ёру рафикони мо ки ба ин хизб дохил шуданд бо хохиши худашон аз хизб даст кашиданд. Худоро шукр ки дар шахри Панчакенти мо сафи ин хизб нест шуд.

Аъзоёни ХНИТ дини мубини исломро бо хизби ХНИТ якчоя карданд, ки ин хатои бузург аст. Аз хамин сабаб ХНИТ бархам хурд

Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон қарори ахири Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар мавриди он ки тамоми аризаҳои беруншавӣ аз саффи ҳизб ва барҳам додани бахшҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар, ки таҳти фишор навишта шудаанд, беэътибор дониста мешавад, зидди Сарқонуни кишвар хондаанд: “Вақтҳои охир ба Вазорати адлияи Тоҷикистон нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии ҲНИТ оид ба қатъи фаъолияти онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ворид мегарданд, ки нусхаи асосии он ба Раёсати Олии ҲНИТ ирсол гардида, аъзоёни ҳизб аз ҲНИТ баромада истодаанд. Бо вуҷуди ин Раёсати Олии ҲНИТ ин санадҳоро бо баҳонаи “зери фишор қабулгардида» эътироф накарда, аризаи аъзоёни ҳизбро, ки хоҳиши хориҷ шудан аз онро доранд, бе баррасӣ мондааст. Ин амали ҲНИТ ба моддаи 28 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зид мебошад, ки тибқи он шаҳрванд ҳақ дорад ихтиёран ба ҳизбҳои сиёсӣ дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Илова бар ин воқеияти мазкур хилофи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва сархати аввали банди 2.4 Оинномаи ҲНИТ низ ҳастанд”. дар холе, ки хизб дар кораш бо оиномахои худ мувофикат намекунад барои мавчудияташ дигар хочат нест.

саид
Ба маликаи панчакенти илтимос чи зурат омадааст ки дуруг мегуи ту агар нахзати мебуди аз бахри молу чонат мегузаштию аз аъзогии нахзат даст намекашиди. Агар нахзат ту барин аъзо медошт хукумати тч тамоми куваи худро зидди нахзат равона намекард. Шарм медорам аз байонияи адлия гуйой ин ки аз ягон чи хабар надорад. Озодагон илтимос чоп кун

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)