Бахшҳо

Ҷаласаи Шӯрои уламо барои дақиқ кардани Иди фитр ба таъхир афтод

Ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди дорои ҳаққи судури фатво дар Тоҷикистон, ки қарор буд, дар он санаи Иди фитр дақиқ карда шавад, ба таъхир афтодааст.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои кишвар рӯзи 10 июл дар намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, ҷаласаи онҳо барои дақиқ кардани Иди фитр ҳафтаи оянда баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Абдулқодирзода, ин ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар ба рӯзи 13 июли соли равон гузошта шудааст. Дар ҳоле ки қарор буд, он дирӯз, 9 июл баргузор шавад: “Рӯзи дақиқи Иди фитрро баъд аз ҷаласаи Шӯрои уламо тавассути телевизиону радио ва расонаҳо ба самъи Шумо хоҳем расонид”.

Ин дар ҳолест, ки раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, имсол тоҷикистониён 29 рӯз рӯза мегиранд. Ба қавли Абдулқодирзода, барои муайян кардани санаи дақиқи Иди фитр Маркази исломии кишвар комиссияи вижа ташкил кардааст ва ҳамчунин хулосаи пажуҳишгоҳи Астрофизикаи академияи улуми Тоҷикистонро низ гирифтааст.

Тибқи изҳороти муфтӣ Рамазон, ки имсол 18-уми июн фаро расид, 16-уми июл поён хоҳад ёфт. Дар назар аст, тоҷикистониён Иди Саиди Фитрро 17-уми июл таҷлил кунанд.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.
Мӯҳр
1
Охираш нафахмидем дар хабар омадааст, ки Рамазон 29 руз будааст дубора ниёз ба чаласа аст кт дакик шавад ки кадом руз ид бошад вакте ки 29 бошад чи ниёз ба чаласа гузоштан аст?

saif
Ба фикрам "хазрат" хато кардаги, аз гуфтагиш пушаймонай...холи мебинед ид рузи 18 -ум бе таъгир мемонад....

Бе ном
Мӯҳтарам.Домулои азиз мо Шуморо бисёр эҳтиром ва дуст медорем. Охир аввал Шумо ба аъзоёни Шӯрои уламои Маркази исломӣ маслиҳат мекардед баъд ба шаҳрвадон кишвар эълон мекардед ,охир ин Рамазон барои Шумо бозича нест,ё Шумо ба рӯзадорон бози мекунед . Охир Шумо рӯзи 10 июл онро 29 рӯз эълон мекунем. Ин читавр Шуро аст ,ки гапу кораш як хела нест.

Зика
Боз мисли ҳарвақта сар шуд. Ҳамара раҳгум мезанонанд, мисли ҳарсола боз гапу калоча зёд мешад.

И Шурои уламо дар фикри пули хочиёян!! Аз хочиё як бало карда канда хурдан даркорай!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)