Вазир: То сентябр Маркази ташхиси генетикиро фаъол мекунем
Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то моҳи сентябри соли равон дар кишвар Маркази ташхиси генетикӣ фаъол хоҳад шуд.
Дар ин бора Салимзода имрӯз, 8-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дод. Ба гуфтаи масъулини Вазорати тандурустӣ Маркази нав имкон медиҳад, ки мутобиқати генетикии ҷуфти хонадоршаванда, имкони таваллуди фарзанди солим ва ё иллати фарзанд дар батни модар санҷида шавад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, лоиҳаи “Тартиби гузарондани муоинаҳои тиббӣ пеш аз издивоҷ”-ро таҳия карда, барои мувофиқа бо дигар ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод кардааст. Дар сурати тасвиби ин санад ташхиси генетикӣ ва санҷиши дигар бемориҳо, аз ҷумла СПИД, гепатит ва маризиҳои ҷинсӣ барои ҷуфти хонадоршаванда ҳатмӣ хоҳад шуд.
Феълан ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон дар кишвар 7 ҳазору 142 нафар гирифтори бемории СПИД мебошанд, ки аз ин 88 нафараш ҳомиладор ҳастанд. Масъулини Вазорат мегӯянд, ҳадаф аз роҳандозии ташхис ҷилавгирӣ аз таваллуди насли носолим ва огоҳ кардани ҷуфти хонадоршаванда аз бемориҳои ҳамдигар мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |