Бахшҳо

АКС: 60 ҳазор ҷарима, 16 сол зиндон ва ҷузъиёти нави қазияи “Шайх Темур”

Додгоҳи Олии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми июл Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур”-ро ба 16 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Тибқи қарори додгоҳ “Шайх Темур” барои дузанагӣ, таҳқири ҷасади фавтидагон, яъне несту нобуд ё касиф кардани қабристон, аз ҷониби гуруҳи шахсон даст задан ба тамаъҷӯӣ, яъне талаби молу мулки ғайр бо таҳдиди зӯроварӣ, сохтмони худсарона дар қитъаи замин дар баробари 16 соли зиндон инчунин дар ҳаҷми 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 60 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима шудааст. Бо қарори додгоҳ муҳлати адои ҷазо аз 16-уми феврали соли равон ҳисоб карда шавад.

Ба иттилои манбаъ ҳамроҳи Сатторов яке аз муридонаш Фузайл Низомов низ ба 15,5 соли зиндон маҳкум шудааст.

Аммо духтари "Шайх Темур" дар пайи эълони ҳукм дар суҳбат бо "Озодагон" онро "говсуд" унвон карда, изҳор дошт, ки аз болои ҳукм шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд. Ӯ иттиҳоми қаллобӣ алайҳи падарашро беасос хонда, илова намуд, ки “падарам ҳатто пулро намешиносад. Ҳозир ларзида шиштааст. Ба синни пирияш нигоҳ карда бояд озодаш мекарданду моро бесарпаноҳ намегузоштанд. Ӯ барои ба мактаб нарафтани фарзандонаш айбдор мекунанд, дар ҳоле ки дар макони зисташон мактаб ҳамагӣ то синфи 4 аст”.

Худи Сатторов рӯзи 7-уми июл зимни сухани ниҳоияш аз додгоҳ хост, ӯро сафед ва аз толори мурофиа озод кунад.

Ба қавли вакили дифоъ Саидмаҳдихон Сатторов дар сухани ниҳоияш дар мурофиа изҳор доштааст, ки “муҳтарам судя Шумо худ шоҳид астед, ки нафарони даъватшуда - шоҳидон дар мурофиаҳо гуфтанд, дар кирдорҳои ман зуроварӣ, фишор ва ҳеч гуна таҳдид дида намешавад. Хоҳиш мекунам дар хонаи машваратӣ нишондоди шоҳидон ва синну соли маро ба назар гирифта, дар моҳи Рамазон, маро аз толори мурофиа озод намоед”.

Додситонӣ барои “Шайх Темур” 18 соли зиндон талаб карда буд.

Номи “Шайх Темур” баъди он вирди забон шуд, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврали соли ҷорӣ филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод. Дар он аз мардумфиребиҳои Сайидмаҳдихон Сатторов, нақл мешуд.

Баъдан, Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дархости Додситонии кулл ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифт ва 9 июни соли равон дар боздоштгоҳи №1-и шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии ӯ оғоз шуд.


АКС: 60 ҳазор ҷарима, 16 сол зиндон ва ҷузъиёти нави қазияи “Шайх Темур”

АКС: 60 ҳазор ҷарима, 16 сол зиндон ва ҷузъиёти нави қазияи “Шайх Темур”

АКС: 60 ҳазор ҷарима, 16 сол зиндон ва ҷузъиёти нави қазияи “Шайх Темур”

АКС: 60 ҳазор ҷарима, 16 сол зиндон ва ҷузъиёти нави қазияи “Шайх Темур”
Мӯҳр
хайр
Хамин бечораро озод кунед,о дар тамоми макомот низ тамачуи аст,мухтарам судя хамон мошину хонаву чихози гаронарзиши шумо магар бо маош дастрас шуда?озодагон чоп !

Зуратон танхо ба бечорахо мерасад. а где гуманность. ин муйсафед дар хабсхона мурданаш мумкин аст. худо гирад

худотарс
Мухтарам пракрору судяхо шумо медонед ки барои хар як корту фардо дар пеши худованд пурсида мешавед! Хама медонанд ки ин бечора гунохе надорад.Бахелиро яктарараф гузоред! Аз худо битарсед.

222
Озодаш кунед дар интихоботи соли 2020 дар кор мешавад wink

кулябец
Рафтори ин муйсафед аз рафтори судьяхо хеле хуб хаст. Ин ягон касро мачбур накардааст. Аммо судьяу прокурорхо руйрост пора талаб мекунанд.

лвлвлвллв
Салом ,НАХОД ГУНОХИ ШАЙХ ТЕМУР АЗ ЧУРМИ КОРКУНИ ПРАКРАТУРА ВАЗНИНТАР БОШАД.
КОРКУНИ ПРАКРАТУРА РОХРУБИ БЕЧОРАРО БО МОШИНАШ ПАХШ КАРДА ЧАСАДАШРО ПОРА ПОРА КАРДУ ДАР ЧОИ ХОДИСА НАИСТОДА ФИРОР КАРД
ИН ШАЙХИ БУЧОРА ХАР КОРЕКИ КАРДА БОШАД ЧУРМАШ САБУК АСТ ВА БОЯД АВФ ШАВАД

парфиз
бародарон рост

Муйсафеда чавоб тиен. кино сериал тамом шудагист. бе хаминам дуои бадуш холи хеле сур карда мегарда,

Бандаи Худо
Ҳикояи ҷангал (ТАМСИЛ)
Баъд аз шури даври қамар
Ҷангал тамоман хароб буд. Аҳли ҷангал аз гуруснагӣ ҳалок мешуданд ва бисёр рузҳои сахт ба сар мебурданд. Аз покию бузургии шер Ҳудованд (ҷ.ҷ) файзу баракат ато кард. Раҳмати Худованд (ҷ.ҷ) чунон рехт ,ки аҳли ҷангал аз серию пурӣ ба ғафлат ва расвоию ифлосӣ ончунон рафтанд, ки гумроҳ шуданд. Шайтон аз ин гумроҳӣ истифода бурда, гурӯҳе аз калламушҳои бахил, хукону харони беақлро гирд овард. Аз байни онҳо калламушеро қозӣ монданд. Ҳама ҷамъ шуда ба даргоҳи шер рафтанд ва ӯро нороҳат карданд. Шер аз хонааш берун баромад. Ҳама аҳли ҷангал тамошо мекарданду хомуш буданд. Шер дар баробари онҳо истод. Нахуст қозӣ ва баъдан ҳамроҳонаш таънаю маломатҳо оғоз карданд. Ту бузургиро нашоӣ ту аз мо болову баланд нестӣ ва ту ингунаву ончунонӣ. Онҳо фаромуш карда буданд ки дар муқобили Шер истодаанд.
Шер ба онҳо нигоҳ кард ва лабханде карду чизе нагуфт.
Пеши нодон
Чунки пеши хар ҷуволи ҷав зи гавҳар беҳтараст.
Худованд (ҷ.ҷ) ба шер он чунон қудрате дода буд, ки ин 3 ҳазор лашкар ба чашмаш мисли як дона магаси кур ва бе пару бол менамуд ва метавонист бо нуги як нохунаш онҳоро ба нестӣ бубурад. Вале дид ки шайтон онҳоро расво кардаву итоати уро мекунанд. Шер чизе нагуфта бирафт.
Онҳо ғулғула бардоштанд, ки шер аз мо битарсид ва ӯро на бузургӣ аст. Шер ба онҳо аҳамияте намедод зеро ки Худованд(ҷ.ҷ) фаросати фаҳмиданро аз онҳо гирифтааст. Ҳамаи душманиву дӯстӣ, пастиву баландӣ, биноиву курӣ, беақливу боақлӣ аз илмӣ Худованд (ҷ.ҷ)аст. Муддате гузашт Худованд (ҷ.ҷ) ба ҷангал касали вабо фиристод. Калламушҳо, хукҳо, харҳо ва рубоҳҳо гирифтори ин касал шуданд ва бимурданд. Ҷангал ба мисли пештара ором шуд.
Бо ин ду-се нодон ки чунин медонанд,
Аз ҷаҳл ки донои ҷаҳон ононанд.
Хар бош ки ҷамоа аз фарти харист,
Ҳар к-у нахараст, кофараш мехонанд.

барои чи чоп намекунед, Озодагон???

хикояро чаро чоп намекунед???

Вакте хамин шахс сухан мегуяд дар хар як суханаш ХИКМАТЕ нухуфтааст, Кадри ин шахсро донед. чи шахсияти бузургест...бовар кунед

Мани солхӯрдаро дар Рамазон сафед ва озод кунед... Дар ана хамин суханхо хикмате хаст. Бовар кунед хамин шахс, шахси одди нест. Озодагон лтимос чоп кун

ш Душанбе
ин муисафедрро ...Аз хамон пасандозхои чаъм оварда ба тарики машеники як варзишгохи калон замонави созаду ЧАВОБАКАШ БИТИЕН БУРАВА ,,,,

222000
Шайх ба такдир тан те акнун дигар рох надори

комент
Бенихоят мухлати вазнин. Муйсафеди бечора дар махбас вафот мекунад.

Инро сар тийед чаро ки дар интихоботхои оянда барои русийох кадани дин даркор меша худшам нашава муридош даркор меша

кабир
Ман намефахмам, ба ки даркор аст суд кардани муйсафеди бечора. Охир хамин чурмхое, ки уро гунахгор мехисобанд, хар руз аз тарафи кормандони макомоти давлати содир шуда истодааст. Д

Дар Точикистон дигар замин намонд аз дасти раисони чамоату прокуророну раисони нохияхо. Як ба хамин талу теппахои болои масчиди "мехкалон", зарафшон,ва гирду атрофи Душанбе нигох кунед, ягон вачаб теппа хатто намондааст, хама ру ба ру хона шудааст. Ин мардум магар бо хохишу худ дар ин чохо хона кардаанд магар. Хамаш аз таги дасти раисони чамоатхо мегузарад. Ё ин ки ягон мансабдоре нест, ки камаш дар ду се чой хона ва ду се зан надошта бошад.

Что таджикские судьи такие беспощадными стали?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)