Боздошти муфаттиши калон: Пул хоста, парванда накушодаст...
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикисстон аз боздошти Мирзоҳиммат Қаландаров, муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Норак хабар дод, ки ҳамчун шахси мансабдор даст ба порагирӣ задааст.
Тавре аз Оҷонсии мубориза бо фасод иттилоъ доданд, Қаландаров барои ифтитоҳ накардани парвандаи ҷиноӣ, алайҳи писари шаҳрванд О, ки дар латукӯби як зан муттаҳам мешудааст, нахуст 5 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст: “Баъдан вақте вазъи мушкили молии шаҳрвандро дидааст, ин маблағро то 2 ҳазор доллари амрикоӣ поин фаровардааст”.
Манбаъ мегӯяд, муфаттиши калони прокуратураи Норак рӯзи 18-уми июн ҳангоми гирифтани пора аз шаҳрванд О дастгир шудааст: “Алайҳи Қаландаров аз рӯи моддаи 319, гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |