Директори “Билайн” дар бораи андозҳои гарон ва амри сайтбандӣ дар Тоҷикистон
Константин Колесов, директори генералии ширкати мобилии “Билайн” дар Тоҷикистон мегӯяд, аз миёни 14 кишвари ҷаҳон, ки ширкаташон фаъолият мекунад, гаронтарин андоз дар Тоҷикистон мебошад.
Колесов ин нуктаро имрӯз, 25-уми июн зимни як ҳамоиш дар Душанбе изҳор дошта, афзуд, Билайн дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Италия, Украина, Қазоқистон, Гурҷистон, Алҷазоир, Бангладеш, Зимбабве ва ғайра фаъолият мекунад. Ба гуфтаи мудири кулл, "Билайн" соли гузашта аз ҷумлаи калонтарин андозсупорандаҳои Тоҷикистон шуда, ба буҷаи давлат 310 миллион сомонӣ ворид кардааст.
Ӯ дар посух ба суол оиди сайтбандиҳо дар Тоҷикистон афзуд, ба ин амал бо дастур аз боло даст мезананд: “Мо ҷонибдори шаффоф ва дастрас будани сомонаҳои интеренетӣ ҳастем, аммо амр мешаваду мо мебандем. Ба мо шарҳ намедиҳанд, ки барои чӣ бояд баста шаванд, мо намедонем”.
Колесови 47-сола охири соли гузашта раиси нави “Билайн” дар Тоҷикистон таъин шуда, зодаи шаҳри Киев мебошад. Ӯ то таъиноташ дар Тоҷикистон мудирияти корпоративии “Билайн” дар Қазоқистонро ба уҳда доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |