Ҳалокати Абдуҳаким ва Абубаррои шаҳритусӣ дар Сурия
Ҷонибдорони созмони террористии “Давлати исломӣ” аз ҳалокати боз ду ҷангҷӯи тоҷики ин гуруҳ дар Сурия иттилоъ доданд.
Тавре дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” охири ҳафтаи гузашта хабар дода шуд, ҳалокшудагон Абдуҳаким ва Абубарро Шаҳритусӣ мебошанд. Ҷузъиёти бештар, аз ҷумла замону макон ва ҳолати мушаххаси марги ин ду тоҷик ифшо нашудааст.
Ҳалокати ду тоҷики ҷонибдори “Давлати исломӣ” дар Сурия дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тоҷик аз марги ҳудуди 60 тоҷикистонии ҷонибдори ин гуруҳ иттилоъ доданд. Дар маҷмуъ ба иттилои Вазорати умури дохилӣ дар Сурия беш аз 400 тоҷикистонии ҷонибдори “Давлати исломӣ” қарор доранд, ки бархе аз онҳо бо зану фарзандашон ба он ҷо рафтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |