Нашри “Турфаҳо”- китоби нави Баҳманёр
Нашриёти “Истеъдод” китоби нави Баҳманёр, нависандаи маъруфи тоҷикро бо номи “Турфаҳо” бо теъдоди 500 нусха ба чоп расондааст.
Китоби мазкур, баргардон, тарҷума ва гирдоварии матнҳои насрӣ аз китобҳои гуногун буда, бо шеваи хос дастабандӣ шудааст ва бештари ин пораҳо мазмуни ҳаҷвӣ доранд.
Салими Зарафшонфар, муҳаррири китоб дар тавзеҳи нашри он навиштааст, ки “маводи ин китоб солиёни зиёд дар маҷаллаи “Садои шарқ” чоп шудаву мешавад. Азбаски ҳаводорони зиёд пайдо кард, гирдоваранда лозим донистааст, дар чанд ҷилд дастраси хонандагон гардонад”.
Пораҳое ки дар ин китоб гирд оварда шудаанд, қаблан дар маҷаллаи “Садои Шарқ” зери рубрикаи “Турфаҳо” нашр шудааст. Баҳманёр яке аз нависандаҳои номдори тоҷик буда, китобҳои “Сармадеҳ”, “Шоҳаншоҳ”, “Аспи обӣ” ҳосили қалами ӯянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |