Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Илҳом Алиев
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 28 май бо ирсоли як паёми шодбошӣ Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷонро ба муносибати солгарди ҷашни миллии кишвараш табрик намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикии худ гуфтааст, бо шарофати татбиқи амиқи хатти машй ва рушди босуботи иқтисодӣ, имрӯз Озарбойҷон дар худ кишвари рушдёбандаро таҷассум намуда, бо қатъият ба самти пешрафт ва созандагӣ пеш меравад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома қайд кардааст, ки “кишварҳои моро решаҳои таърихии дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила бо ҳам мепайванданд. Мо ба дурнамои ҳамкориҳои манфиатовари Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи самтҳо хушбинона нигариста, омодаем, ки кӯшишҳои заруриро барои татбиқи иқтидори бузурги он равона созем. Мутмаинам, ки мо дар якҷоягӣ метавонем муносибатҳоямонро ба манфиати кишварҳоямон ва мардумони он инкишофи бештар бахшида, ҳадафҳоямонро амалӣ намоем”.
Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба Илҳом Алиев илова намудааст, дар ин рӯзи тантанавӣ ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, саломатии бардавом, хушбахтӣ, дар фаъолияти давлатиатон муваффақиятҳои зиёд ва ба мардуми дӯсти Озарбойҷон сулҳу пешрафт таманно дорам.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |