Чоргоники 2-юм дар Соли Оила: Президент хона медиҳад? (ВИДЕО)
Субҳия Норинова, як зани 23 солаи деҳаи Варзиканди ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, шоми 22 май дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе чоргоник-3 духтар ва 1 писар ба дунё овардааст.
Наргис Ниёзова, духтуре, ки чоргоникҳоро парасторӣ мекунад, имрӯз, 25-уми май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло саломатии навзодон каме вазнин аст ва барои беҳтар шудани вазъи саломатии онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд. Ниёзова таъкид намуд, ки кӯдакон дар шуъбаи эҳёгарӣ, дар дохили қутии махсус мавриди табобати оксигенӣ қарор доранд: “Саломатии модарашон хуб аст, назди кӯдаконаш омада хабар мегирад. Ширмакониро аз пагоҳ кам-кам сар мекунем. Ҳозир ширро тавассути дастгоҳи махсус мегиранд”.
Парастори чоргоникҳо афзуд, ки кӯдакон пеш аз муҳлат таваллуд шудаанд: “3 духтару як писар. Дувумаш писар аст. Кӯдаки якум бо вазни 1 киллою 110 грамм, дуюм 1 киллою 340 грамм, сеюмаш 1 киллою 100 грамм ва чорумаш бо вазни 1 киллою 150 грамм таваллуд шудаанд. Ҳаракат мекунем, ки хуб табобат ёфта, нағз шаванд”.
Субҳия Норинова, модари чоргоникҳо мегӯяд, бо таваллуд шудани чоргоникҳо хеле хурсанд шудааст ва худро хушбахттарин зан меҳисобад. Модари чоргоникҳо ба “Озодагон” гуфт, табибон гуфтаанд, ки вазъи саломатии фарзандонаш бад нест: “Шукронаи Худо ваъи саломатияшон хуб, духтурон гуфтанд ҳамаашон хубанд. То ҳол фарзанд надоштам. Ин таваллуди якум аст ва аз таваллуди чоргоникҳо бениҳоят хурсанд шудам. Бе мушкилӣ таваллуд шуданд, падарашон ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд”.
Субҳия Норинова гуфт, вақте хабари чоргоникҳоро ба падари фарзандонаш расонд, ӯ хеле хурсанд шуда, рӯзе то 10 маротиба занг зада, аҳволпурсӣ мекунад: “То ҳол ном нагузоштаем.Калонтарҳои хонавода ном гузоранд беҳтар аст. Бобову бибияшон ном мегузоранд”.
Хонум Норинова қайд намуд, ки то ба ҳол падару модар, хусуру хушдоман ва дигар наздиконашон ба беморхона ба дидорбинии ӯ омадаанд, вале дар мавриди он, ки оё намояндае аз мақомоти давлатӣ ба хабаргирияшон омадааст, модари ҷавон посух дод, ки то ҳол касе аз ҳолашон хабар нагирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар шаҳри Душанбе Гулшан Маҷнунова, як модари 26-сола низ чоргоник таваллуд намуд, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, фоли нек дар Соли Оила арзёбӣ шуд. Бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаи Гулшан Маҷнунова дар Душанбе хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо гардид.
Аммо дар мавриди кӯмак ба хонаводаи Субҳия Норинова то ҳол мақомоти давлатии Тоҷикистон иттилое надодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |