Бахшҳо
19 май 2015 13:54Тоҷикистон / Тема дня

Полковник Гулмурод Ҳалимов дар Туркия боздошт шудааст?

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси ВКД ё “ОМОН” бо шиносномаи тақаллубӣ дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Тоҷнюс” бо такя ба манобеи худ хабар додааст.

Манбаъ мегӯяд, "ба иттилои ғайрирасмӣ, фармондеҳи ОМОН бо ному насаби сохта қасди сафар ба Сурияро доштааст".

Дар мавриди бедарак шудани Гулмурод Ҳалимов охири моҳи апрел сару садоҳо баланд шуд. Мақомоти расмӣ то ҳол хабарҳои "гум" шудани полковникро таъйид ё рад накардаанд. Ахиран, хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли як манбааш дар мақомот иттилоъ дод, ки Гулмурод Ҳалимов вақтҳои охир ба фаъолияти созмони террористии ба ном “Давлати Исломӣ” майл дошта ва ҳудуди 10 шаҳрванди дигари кишварро ба ивази маблағ ба ин ҳаракат ҷалб намудааст. Ба иттилои ин хабаргузорӣ, Ҳалимов ҳамроҳ бо 10 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки бекор будаанд, якуми май ба Маскав парвоз намудааст: “Аллакай 2 май ӯро дар фурудгоҳи Шереметоваи Маскав дидаанд". Гуфта мешавад, барои ҷалби ҳар ҷангҷӯй ба полковник маблағи зиёд ваъда додаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан манобеи “Озодагон” дар мақомоти умури дохилӣ, хабари гумшавии полковник Гулмурод Ҳалимовро дурӯғ хонданд. Тавре бархе аз кормандони ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, Ҳалимов гум нашуда, балки дар рухсатии меҳнатӣ дар Туркия қарор дорад. Аммо пайвандони полковник Ҳалимов ба "Озодӣ" гуфтаанд, ӯ субҳи 23 апрел бо ваъдаи он ки пас аз 3 рӯз бармегардад, аз хона берун шуда, то ҳоло бенишон аст. Назир Ҳалимов, бародари 28-солаи Гулмурод Ҳалимов дар сӯҳбат ба ин радио нопадид шудани ӯро тасдиқ карда, гуфтааст, телефонаш хомӯш аст, аз худ хабаре надодааст, вале таъкид намуда, ҳаргиз дар андешае набуд, ки ба Сурия равад.

Гулмурод Ҳалимови 40-сола, ки тайи се соли охир вазифаи сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, соли гузашта бо фармони вазир унвони полковникиро гирифт. Ӯ, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад, барои шуҷоату мардонагӣ дар амалиётҳои гуногун дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Мӯҳр
Рахимова Мехриниссо
ттттьььббьтиииттььь

Рахимова Мехриниссо
Мумкин ин гулмурод халимовро душманони он кас куштагиян хамин хел овозахои бардуругро овоза мекунанд,ки гуе он касро

Ин гапхо хама дуруг аст. Акаи Гулмурод ба наздики ба Туркия барои гузаронидани рухсатии мехнатиаш омада буд. Аммо хама овоза карданд, ки у гуё ба Сурия рафта бошад. Бо шунидани ин хабар худи у низ дар хайрат монд ва зуд баргашта ба Точикистон рафт. Дар масъалаи хонаводааш бошад, Озодагон маълумотхои бардуруг пахш кардааст.

Бо маоши Акаи Гулмурод дар Бахористон истирохат карда намешавад. Он кас читавр дар Туркия бо маблаги ночиз истирохат кардани будаян ин хам муаммо............

Бисер хурсанд шудам офарин ба Амнияти Точикистон кай капидануш маълумот медодед

nj
капат сухт бача

Хар як шахрванд бояд доимо дар фикри ватану миллати худ бошад.

Хамватанони гироми шукри ин оромиву субот кардан лозим, вагарна дасти хунини шахсоне, ки ба ном дар чиход хастанд, рузе ба мо хам зарари худро мерасонад.

Исфара
Шояд ин шахсро хукумат барои ошнои кардани мучохидини точик ба сурия равон карда бошад разведкаи туркия фахмидаю дастгир кардааст ин шахс шахси ирфаист асло ба сурия ба чиход намеравад зеро дар сурия чиход нею чанги манфиатхост!

Полковника зуд капидан. Агар макомот хохад хама кор дар як замон мекунад, аммо як одами одди ки 200 000 долари моро гирифта дар Россия гаштааст ва прократура делои чинои алайхи у огоз кардааст, мудати дароз капида наметавонад. Маълум, ки макомот аз халк нест вагарна барвакт капида меоварданаш.

Мехриниссо и сухани навиштаатро сию шашбор хондам хич нафахмидам чи маъно дорад. Бовар ку асабом вайрон шид........Он касу ин касу ункасу уна вай кас ..чи маъни дора и гапот нафахмидам

Сабзов мехроч
Ту 200 0000 долларо аз кучо ефти агар 50-сол бо як маош кор куни 200 000 доллар ойликат намешавад.

Хамин мардуми мо ё содаанд ё бахил. Авалаш кори ту чи ки ман 200 000 долар аз кучо ёфтам. Дуюмаш ин 200 000 долар пули корхона. Мо дар ин маблаг кор ичро кардем. Ту аз дунё бехабари. Сохибкорхое хастан, ки 1000 000-кати оборот доранд. Мардум шаба шаб нагуфта руза руз нагуфта кор мекунанд. Фахмиди аз кучо?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)