Бахшҳо

Сардори “ОМОН”-и тоҷик дар Туркия: Рухсатӣ ё роҳ ба Сурия?

Манобеи “Озодагон” дар мақомоти умури дохилӣ хабари гумшавии полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистонро, ки гӯиё ним моҳ пеш ғайб задааст, дурӯғ хонданд.

Тавре бархе аз кормандони ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, Ҳалимов гум нашуда, балки дар рухсатии меҳнатӣ дар Туркия қарор дорад. Аммо манобеи дигар дар мавриди боздошти Ҳалимов хабар доданд, ки гӯиё дар роҳ ба сӯи кишвари Сурия қарор доштааст.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилӣ дар бораи қазияи Ҳалимов расман шарҳе надода ва хабари гум шуданашро такзиб ё тасдиқ накардааст. Ин ҳолат боиси сар задани ҳар гуна овозаҳо гардидааст.

Хабаргузории TojNews рӯзи 7 май иттилоъ дода буд, ки силоҳ ва ҳуҷҷати полковники милитсия Ҳалимов дар ҳуҷраи корияш ёфт шуда, аммо дар куҷо буданаш маълум нест: “Сабукрави Гулмурод Ҳалимовро дар ҳудуди шаҳри Душанбе пайдо кардаанд ва ҳадди ақал даҳ рӯзи ахир дар куҷо будани фармондеҳи ОМОН маълум нест”.

Гулмурод Ҳалимови 40-сола, ки тайи се соли охир вазифаи сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, соли гузашта бо фармони вазир унвони полковникиро гирифт. Ӯ, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад, барои шуҷоату мардонагӣ дар амалиётҳои гуногун дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Мӯҳр
Озар
Ин саршавии кор аст

Ин планашон ошкор шуд Барои хамин гапшона дигар карданд

Бозор
Ба фикрам хамчун агент ба Сурия рафта маълумот чам карда ва шояд амалиети чанги хам гузаронидани буд. Амо дахани касе хориду хамаро фош карданд.
Маълумоти махфи бояд махфи мемонд.
Фурсати нагз буд ки рафта аз наздик фахмад ки дар ончо чанд точик хасту чи гапу хабар аст...
Аввали сахнагузири нагз огоз ефта буд...

Махмуд
Озодагон мумкин аст як савол дихам ба Шумо?

.Ин чи гап шуд?Як полковник аз ошьенаи 8-ум худашро партофт, як полковники дигар,хатто мошинашро партофта,Туркия рафт,як полковники дигар пора гирифтай,дина бошад,полковники хамсояи Моро зануш катии як раккосаи дигар дар мехмонхонаи маркази шахр капидай,и чи гап шуда бошад, е товба.

Ин холо кадамхои аввалин. Хукумати Точикистон ва вазиру кабири он факат фикшри шикамхои худ ва фарзандонашонро накарда, гами армияро хам хурдан даркор. То кай мардум ба Шумо бепул хизмат мекунанд. Пагох хама барои пулкоркуни ба Сурия ва Ирок мераванд. салдатхо гушна, офицерхо ташна, ана армияи Точикистон. Офарин бар Шумо! пагох мо катии ин пойлучон мукобили толибон ва дигар куввахо чи хел мубориза мебарем, ман хайрон, вой бар холи Точикистон ва армияи кашоки он.Бояд маошро баланд бардошт. Як матале хаст, ки "Саг гушна бошад, аз дари хонаи сохибаш меравад ва агар наравад на мечакад" МАРД БОШИ ЧОП КУН!

in odam daer turkiya bud va az daruni mujohido ba ira buzho buzi mekadan va i ba tjk ravon mekad,,in odam gurekhtagi nest va dar tatili ham nest,,balki ba kori davlati unjo ast va vazifasha anjom meta

Saif
Озар,
Рост меги, холи "иностранный легион"-и Россия саршава, дигар дар артиш на афсар миёбиву на аскар ))

дар вазорату амнияти Точикистон сардор монед баъмебинед дар оянда чи гапу хабар мешавад инхо хама салафи мебошанд.

Салмон
Полковник Х,алимов йо хийонат ба Ватан кардааст , йо барои ич,роиши супориши мух,ими махфи ба Сирия рафтааст. Аз ду яке !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)